Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     29 - уми  августи сол равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  ҷаласаи нахустини Шӯрои олимони донишгоҳ барои соли нави таҳсили 2020 - 2021 баргузор гардид.                                                                               

    Нахуст, ректори ДДТХ муҳтарам Убайдулло Қурбон  омӯзгоронеро, ки бо фаъолияти пурсамарашон дар пешрафти донишгоҳ натиҷа ва дастовардҳои назаррас доранд ва аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумурии Точикистон бо нишони «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардида буданд, табрику таҳният намуданд.

     Аз ҷумла,  сардори  шуъбаи кадрҳо - Холов Ш.И., сарвари Маркази технологияҳои иттилоотӣ - Мардонзода Қ.М., мудири кафедраи анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ  ва амалияи  ҷарроҳӣ - Зарипов И.Ҳ. бо нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» ва мудири  кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ - Гулов А. А. ва  мудири кафедраи беҳдошт, эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ - Исоева Б.И. бо Ифтихорномаи  Кумитаи  ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  Ҷумҳурии Точикистон сарфароз гардонида  шуданд.

    Дар ҷаласа масъалаҳои омодагии шуъбаи таълим, деканат ва кафедраҳо ба соли нави таҳсил, натиҷаи  озмуни қабули кормандони ҲПО, қабули донишҷӯён ба курси якум, тасдиқи нақшаи кории Раёсат ва Нақшаи кории  Шӯрои олимон барои соли таҳсили 2020 – 2021 баррасӣ ва муҳокима гардиданд.

    Дар идомаи ҷаласа, дигар масъалаҳои муҳим, аз қабили таъсиси кафедраи нави ҷарроҳии № 2 ва тасдиқи Низомномаи он, тағйироти кадрӣ дар ДДТХ, гузаронидани як гурӯҳ донишҷӯён аз таълими ғайриройгон ба ройгон, ба иҷора гирифтани манзилҳои истиқоматӣ ва идоравӣ, тайёрӣ ба гузаронидани аттестатсияи дохилидонишгоҳӣ барои ҳайати профессорону омӯзгорони ДДТХ  ва ғайраҳо мавриди ҳаллу фасл қарор гирифтанд.

    Вобаста ба натиҷаи озмуни қабули  кормандони ҲПО  сардори шуъбаи кадрҳо Холов Ш.И. қайд намуд,  ки имсол 17 нафар ҳамчун корманди асосӣ ба ҳайси омӯзгор ба кор қабул карда шуданд.

   Тибқи фармоиши ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон  сардори шуъбаи илм ва нашрия - Ходҷаева С.О., мудири кафедраи фанҳои муолиҷавӣ - Одинаев Б.С., сардори Маркази омӯзиши симулятсионӣ -  Насруллоев Д., мудири  кафедраи  ҷарроҳии № 2 - Бустонов М.О., мудири кафедраи фармакология ва микробиология - Ҷулаев А. С., мудири кафедраи химия ва биологияи тиббӣ - Чориев С.А., мудири кафедраи физиологияи нормалӣ, физиологияи патологӣ ва валеология - Назаров Ҷ.Т., муовини декани факултети тиббӣ - Қурбонзода Д.А.  ва сардори назорати  сифати  таълим    Қурбонов Х.Ш. таъин гардиданд.

   Оид ба маъракаи қабули довталабон мувофиқи натиҷаи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавии Маркази миллии тестӣ декани  факултетҳо Боронов Ҳ.А. қайд намуд, ки  имсол ба ДДТХ 360 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 150 нафар ба факултети тиббӣ, 149 нафар ба факултети педиатрӣ  ва 61 нафар ба  факултети стоматологӣ дохил гардиданд.

   Сарвари донишгоҳ ҷаласаро ҷамъбаст намуда, ба масъулини  сохторҳои марбута супоришҳои мушаххас  доданд. Дар охир таъкид карданд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ҳар як омӯзгор аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, дар якҷоягӣ баҳри пешбурди фаъолияти донишгоҳ саҳмгузор бошад.

ХАБАРНИГОРИ  СОМОНА