Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    25 -  уми августи соли равон ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон бо омӯзгорон вохӯрӣ баргузор намуданд.

   Сараввал муҳтарам ректор бо  омӯзгорони навтаъин шинос гардида, дар идомаи вохӯрӣ барои  ҳозирин оид  ба одобу ахлоқ, тарзи  суханронӣ, муносибат бо донишҷӯ ва атрофиён, риоя намудани  либосҳои  тавсиявӣ, риояи  интизоми меҳнат ва ғайраҳо суҳбати самимӣ анҷом доданд.

   Таъкид  гардид, ки омӯзгор бояд пайваста ба омӯзиш машғул шуда, дониши худро ҳамеша  сайқал диҳад.

  Ҳамзамон, ба омӯзгорони  ҷавон тавсия дода шуд, ки ҳарчи зудтар дар фикри интихоб кардани мавзӯъ барои  ҳимояи рисолаи номзадӣ  шаванд, зеро ин талаботи аввалиндараҷаи  ҳар як донишгоҳ  мебошад.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА