Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

24 - юми июли соли равон рӯйхатҳои тақсимоти асосии довталабони соли 2020 барои қабул ба ҳайати донишҷӯён  аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ирсол гардид.

Комиссияи қабул дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои қабули ҳуҷҷатҳои довталабон тамоми шароитҳоро фароҳам оварда, тибқи рӯйхати пешниҳоднамудаи Маркази миллии тестӣ қабули донишҷӯёнро оғоз намуд.

Донишҷӯён ба ғайр аз супоридани ҳуҷҷатҳо аз муоинаи тиббӣ низ мегузаранд.

Имрӯзҳо Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон донишҷӯёнро тибқи рӯйхати дар боло зикргардида қабул намуда, ҳуҷҷатсупорӣ то 5 - уми августи соли ҷорӣ идома меёбад.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА