Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

         22 - юми июли соли равон дар асоси  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15  сентябри соли 2011, таҳти  №АП - 1729 ҷиҳати баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони ВАО, Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон нишасти матбуотиро доир намуд.

        Дар нишасти матбуотӣ 25 нафар намояндагони ВАО аз вилояти Хатлон ва намояндагони дигар расонаҳои хабарии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. 

Бинобар сабаби дар рухсатии меҳнатӣ қарор доштани ректори донишгоҳ нишасти матбуотиро муовини ректор Аҳмадов Ш.Р. гузаронид.

         Сараввал аз ҷониби муовини ректори донишгоҳ  нисбат ба ҳамаи самтҳои фаъолият аз ҷумла, дастовардҳои назаррас, ситоди донишгоҳӣ дар давраи пандемияи COVID - 19, мушкилоти дар донишгоҳ ҷойдошта ва ҳамзамон оид ба корҳои анҷомёфта, дар давраи таъсису ташаккулёбии ДДТХ ба намояндагони ВАО маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

         Сипас, аз тарафи рӯзноманигорон ба муовини ректор оид ба натиҷаҳои сессияҳои зимистона ва тобистона, шароити таълиму тарбия, ҳолати маишии кормандону донишҷӯён, теъдоди қабули донишҷӯён,  ҷалби профессорону омӯзгорон, ҳамкориҳои байналмилалӣ, дар бораи фаъолияти муолиҷавии ҳайати профессорону омӯзгорон, заминаҳои моддӣ - техникии донишгоҳ, инчунин оид ба вазъи пандемияи COVID - 19 ва ғайра саволҳо  пешниҳод карда  шуд.

         Ба саволҳои намояндагони ВАО  аз ҷониби  раисикунанда ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.

                                Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа