Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

17 - уми июни соли равон дар шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва ҳамоҳангсозии корҳои ташхису табобатии ДДТХ ҷаласа баргузор гардид. Ҷаласаро сардори шуъбаи мазкур Холиқов С.У. ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки таҷрибаомӯзӣ дар ҳамаи факултетҳо аз 1 - уми июл оғоз мегардад ва як моҳ идома меёбад.

Бояд қайд намуд, ки дар курсҳои 2 - юми факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ аз рӯи «Парастории бемор», дар курсҳои 3 аз рӯйи «Ҳамширагӣ» ва дар курсҳои 4 - уми факултетҳои мазкур аз рӯйи «Ёрдамчии духтур» таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба роҳ монда  мешавад.

Донишҷӯёни факултети стоматологӣ бошад, 5 намуди таҷрибаомӯзиро мегузаранд. Онҳо дар курси 2 - юм таҷрибаомӯзии истеҳсолиро аз рӯйи тахассуси «Парастории бемор» ва «Ҳамшираи тиббӣ», дар курси 3 - юм аз рӯйи тахассуси «Стоматологияи муолиҷавӣ» ва дар курси 4 -  ум аз рӯйи тахассуси «Ҷарроҳии ҷоғу рӯй» ва «Ортопедияи стоматологӣ» мегузаранд.

Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва ҳамоҳангсозии корҳои ташхису табобатӣ бо 50 беморхона, 50 дармонгоҳ ва КАТС - и ноҳияи Данғара шартномаи ҳамкорӣ дошта, таҷрибаомӯзиро дар асоси шартномаи тарафайн дар пойгоҳи ин беморхонаҳо баргузор хоҳад намуд.

                

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА