Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     Ҳанӯз 12 - уми марти соли ҷорӣ тибқи фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон муҳтарам Убайдулло Қурбон бо мақсади пешгирии мубталошавии донишҷӯёну кормандони донишгоҳ ба бемории коронавирус, ҳангоми пайдо шудани аломатҳои он дар ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди донишгоҳӣ ташкил шуда буд. 
      Яке аз нақшаҳои Ситоди донишгоҳӣ ҷалб намудан ё худ ташкил кардани фаъолияти волонтёрӣ аз ҳисоби донишҷӯёни курсҳои болоӣ буд. 
     Баъд аз расман эълон кардани пайдошавии бемории КОВИД - 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 4 нафар донишҷӯ аллакай худро номнавис карда, бо роҳбарии фелдшери дармонгоҳ Камолова С. ба фаъолият шурӯъ намуданд. 
    Донишгоҳ дар мувофиқа бо КАТС - и ноҳияи Данғара ба хулосае омад, ки волонтёрҳо хона ба хона гашта, ба таври қатъӣ риоя намудани талаботи гигиениро ба аҳолӣ фаҳмонанд ва оид ба вазъи саломатии аҳолӣ маълумот пешниҳод намоянд. Ҳамзамон, вазифаи дигари волонтёрҳо аз он иборат буд, ки рӯҳияи аҳолиро баланд бардошта, барои роҳ надодан ба овозаҳои бардурӯғ ва муғризона, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.
     Тадриҷан сафи волонтёрҳо афзун шудан гирифт ва шумораи онҳо ба 20 нафар расид. Гарчанде шумораи зиёди волонтёрон аз ноҳияи Данғара бошанд ҳам, дар қатори онҳо ҳамсабақонашон аз ноҳияҳои Ҳисору Фархор, Панҷакент ва шаҳри Кӯлоб низ дар мубориза бар зидди коронавирус саҳми арзанда гузоштанд. Онҳо ба чор гурӯҳ тақсим шуданд ва роҳбариашонро се омӯзгори дигар - Исоева Б, Камолзода С. ва Эргашов Ҳ. ба зимма гирифтанд.
      Бояд қайд намуд, ки 14 нафар донишҷӯ аз ноҳияи Данғара - Ҳафизов Фаррух, Зуҳриддинов Тоҷиддин, Қодирова Нигора, Меҳтаров Комрон, Раҳмонов Фирдавсӣ, Хушвахтов Қандаҳор, Қулматова Азиза, Умаров Ҳасан, Тағоев Шаман, Абдулҳаева Майсара, Тоиров Зокир, Воҳидов Абдусамад, Ҷойлобов Муҳаммад, Шавгунов Шоҳмирзо ва аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Қаюмова Нилуфар аз шаҳри Кӯлоб, Азизов Олимҷон ва Шукуров Дамир аз ноҳияи ҳисор, Бобохонова Шоира аз ноҳияи Фархор, Ҳошимзода Сафомиддин аз шаҳри Норак ва Икромов Беҳрӯз аз шаҳри Панҷакент дар пешгирии паҳншавии коронавирус фаъолона саҳмгузорӣ намуданд.
Донишгоҳ аз ҷониби худ волонтёрҳоро бо либосҳои махсуси муҳофизатӣ, дастпӯшакҳои резинӣ, айнакҳо ва маводҳои антисептикӣ таъмин намуд. Боиси қайд аст, ки ашхоси алоҳида ҳам аз фаъолияти волонтёрҳо хабардор гардида, кӯшиш намуданд, ки онҳоро бо маводҳои дар боло зикргардида таъмин намоянд. 
      Ҳар рӯз баъд аз хабардор шудан аз минтақаи вобастгардида волонтёрон бо роҳбари гурӯҳ ба сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва ҳамоҳангсозӣ оид ба корҳои ташхису табобатӣ - Холиқов С. ҳисобот пешниҳод менамоянд. Ҳисобот дар шуъбаи мазкур мавриди таҳлил қарор гирифта, бо рӯзҳои пешина муқоиса гардида, ба ректори донишгоҳ пешниҳод мегардад ва ба КАТС - и ноҳия фиристода мешавад. 
Дар якуним моҳ волонтёрони донишгоҳ ҳамагӣ 4635 хонаро гаштанд, ки ба ҳисоби миёна вазъи саломатии 23000 нафарро муайян карданд. Волонтёрон ҳангоми хона ба хона гаштан 423 намуди беморӣ бо ташхисҳои гуногун ва 59 бемории ҳолати зукомдошта, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ва ҳароратбаландиро ба қайд гирифтанд. 
     Ғайр аз ин, гурӯҳҳо дар ҳар як хона оид ба бемориҳои вирусӣ ва махсусан дар бораи бемории короновирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Аз ҷумла, оид ба роҳҳои дурусти риояи гигиенаи шахсӣ, шустани дастон бо собун ва маҳлулҳои антисептикӣ, истифодаи ҳатмии ниқоби тиббӣ ва худдорӣ намудан аз сафар ё гаштугузори беҳуда тавсияҳо медоданд. Илова бар ин, аз ҷониби волонтёрон ба шаҳрвандон дар кӯчаву маҳаллаҳо варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории короновирус тақсим карда шуд. 
     Фаъолияти волонтёрони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки аз 4 - уми майи соли равон оғоз гардида буд, бо назардошти пасттар шудани шиддати сироятёбӣ дар ноҳияи Данғара, 12 - уми июн кори худро ба анҷом расонид. 
     Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ҷамъбасти фаъолияти волонтёрии донишҷӯён барои хизмати беғаразонаашон ба эшон изҳори сипос намуданд. ҳамзамон, барои волонтёрон ҳамчун изҳори миннатдорӣ либосҳои махсуси муҳофизатии тиббӣ ва кӯмаки яквақтаи маводи хӯрока расонида шуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА