Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

Дар партави пайравӣ аз иқдоми инсондӯстона ва ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъияту ташкилотҳо ва шахсони алоҳида кӯшиш менамоянд, ки дар пешгирии паҳншавии бемории коронавирус саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ин дафъа бо ташаббуси ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон муҳтарам Убайдулло Қурбон Ташкилоти ҷамъиятии «Пешрафт» дар доираи барномаи «Мо ҳамдардем» ба Беморхонаи Марказии ноҳияи Данғара 76 маҷмӯъ либоси махсуси муҳофизатӣ ва ба 48 оилаи кормандони беморхонаи мазкур маводи ғизоӣ аз қабили 10кг орд, 3кг равған, 2кг биринҷ, 2кг шакар, 1кг макарон ва 84 адад собун кӯмак намуд.
ҳамзамон, аз ҷониби ташкилоти мазкур барои волонтёрони ДДТХ, ки дар ин шабурӯз ба аҳолии ноҳияи Данғара кӯмаки худро расонида истодаанд, 24 маҷмӯъ либоси махсуси муҳофизатӣ дастрас гардид.
Кӯмаки мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Пешрафт» дар ин рӯзҳои ҳассосу тақдирсоз ба кормандони соҳаи тиб муҳиму саривақтӣ буда, шоистаи таҳсин мебошад.
Бинобар ин, Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон муҳтарам Убайдулло Қурбон ва сартабиби Беморхонаи Марказии ноҳияи Данғара Холов Баҳром ба Ташкилоти ҷамъиятии «Пешрафт» барои кӯмаки беғаразонааш миннатдории самими хешро изҳор менамоянд.