Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

АЗ  ДИДА БА ДИЛҲО РАФТ

Марги нобаҳангом боз як ҷавонро аз байни мо рабуд. Ба қавле, ҷавонеро, ки аз сад гулаш ҳанӯз гуле ҳам ношукуфта…

Холиқов Муҳаммадбобур Абдужалилович 27 - уми декабри соли 1997 дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Баъди хатми Литсей - интернати барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 ба факултети стоматологии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дохил мешавад.

Орзуи табиб шудан дошт. То курси 3-юм дар факултети стоматологии донишгоҳи номбурда таҳсилашро идома дод.

Барои хулқи нек ва нияти покаш дар байни ҳамсабақонаш ҳамеша соҳибэҳтиром буд.

30 - юми майи соли равон дар ноҳияи Ҷайҳун мошини сабукрав ба садама дучор мегардад. Дар натиҷа Холиқов Муҳаммадбобур, ки дар мошини мазкур мусофир будааст, осеби вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. 

Раёсати донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён аз даргузашти нобаҳангоми Холиқов Муҳаммадбобур сахт андӯҳгин буда, ба аҳли оила ва  наздикони марҳум  изҳори ҳамдардӣ менамоянд.

Рӯҳат шод ва манзили охиратат обод бошад, Муҳаммадбобури азиз!

 

РАЁСАТИ ДДТХ