Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

Марги беамон 28 - уми майи соли равон ҷавонеро аз байни мо бурд, ки дар дил ба мисли ҳазорҳо ҷавонон орзуҳои наҷиби инсонӣ дошт. Мехост, ки касби табибиро аз худ намуда, нафъи худро барои халқу ватани хеш ва умуман, барои инсоният расонад. Вале афсӯс, сад афсӯс, ки аҷал барои ӯ имконият надод…
Ҷӯраев Манучеҳр Маъруфович 29 - уми июни соли 1999 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба дунё омадааст. Соли 2017 пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12 - и ноҳияи Мастчоҳ имтиҳони қабулро бомуваффақият супорида, ба сафи донишҷӯёни курси якуми факултети педиатрии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дохил шудааст. Номбурда дар дарсҳо фаъол буда, барои ахлоқи хуб ва самимияташ соҳиби эҳтироми ҳамсабақон ва омӯзгорон гардида буд.
Ҷӯраев Манучеҳр аз бемории «Алвеолококкози ҷигар» азият мекашид ва моҳи феврали соли 2020 барои вазъияти саломатиаш ариза навишта, ба рухсатии академикӣ баромада буд.
28 - уми майи соли 2020 Ҷӯраев Манучеҳр Маъруфович дар беморхонаи ноҳияи Мастчоҳ аз олам чашм пӯшид.

Раёсати донишгоҳ, омӯзгорон ва ҳамсабақон аз марги нобаҳангоми Ҷӯраев Манучеҳр сахт андӯҳгин буда, барои аҳли оила ва пайвандони марҳум тасаллият изҳор менамоянд.
Рӯҳат шод ва манзили охиратат обод бошад, Манучеҳри азиз!