Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

   
Фаъолияти волонтёрҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар мубориза аз паҳншавии бемории COVID - 19 рӯз аз рӯз вусъат ёфта истодааст. Онҳо таҳти роҳбарии 4 - нафар омӯзгор то 22 - уми майи соли равон аз саломатии 1941 хонавода хабар гирифтанд, ки ин ба ҳисоби миёна зиёда аз даҳ ҳазор  нафарро дар бар мегирад. Ҳангоми хабаргирӣ донишҷӯён 143 бемориро бо ташхисҳои гуногун, аз ҷумла, 36 бемории ҳолати зукомдошта, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ва ҳароратбаландиро муайян карданд.

   Бар замми ин, донишҷӯён дар ҳар як хона оид ба бемориҳои вирусӣ, аз ҷумла, коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба аҳолӣ бори дигар оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, истифодаи ниқоби тиббӣ, ҷамъ нашудани одамони зиёд дар хона ва берун аз он ва худдорӣ аз сафар тавсияҳои муфид доданд.

   Маълумотҳои ҳаррӯзаи аз ҷониби донишҷӯён ҷамъгардида оид ба бемориҳои ҷойдошта, ҳамарӯза ба КАТС - и ноҳия пешниҳод мегардад.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА