Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

      Боз як инсони покдил ва дӯстдори ҳақиқии касби хеш, табиби мушфиқу меҳрубон ин дунёи фониро тарк кард.

     21 - уми майи соли равон риштаи умри духтури стоматолог Сабуров Сабур канда шуд.

     Сабуров Сабур Каримович 1-уми январи соли 1965 дар ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шудааст. Стоматолог, номзади илмҳои тиб (2004). Хатмкардаи факултаи стоматологии ДДТТ (1991). Духтури Дармонгоҳи стоматологии №3 – и ш. Душанбе ва дармонгоҳи ВКД ҶТ (1991-1994), ассистент (1994-2008) мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ (аз с.2008) ва ҳамзамон директори Маркази таълимию клиникии «Стоматология» - и ДДТТ (аз августи соли 2009). Оид ба беҳдошти ҷавфи даҳон ҳангоми бемории пародонт дар байни аҳолии калонсол тадқиқот бурда буд. Дар мавзӯи «Аҳамияти ташхисӣ ва пешгӯии бечҳдошти ҷавфи даҳон дар пешгирии бемории пародонт» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 30 мақола, 40 тезис ва 4 корҳои таълимию методӣ. Узви раёсати Ассотсиатсияи стоматологҳои ҶТ, узви Шӯрои таҳририяи маҷаллаи «Стоматология Таджикистана» (аз с.2006). Дар ташкил ва гузаронидани Съездҳои I ва II - и стоматологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзидааст.

     Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон нисбат ба марги Сабуров Сабур сахт андӯҳгин буда, барои аҳли оила ва дӯстону наздиконаш изҳори тасаллият намуда барои эшон сабри ҷамил мехоҳад. РАЁСАТИ ДДТХ