Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    21 - уми майи соли ҷорӣ  яке аз беҳтарин ҷарроҳон ва пизишкони ҳозиқи кишвар, сардори бахши кӯдаконаи беморхонаи Маркази миллии тиббии «Шифобахш» Султонов Шералӣ бар асари бемории коронавирус аз дунё реҳлат намуд. Саҳми эшон дар ҷарроҳӣ ва табобати ҳазорҳо кӯдакон ба ҳамагон маълум аст.

    Султонов Шералӣ Раҳмонович  8-уми апрели соли 1969 дар деҳаи Розиёни ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1996 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намуда, ҳамчун ҷарроҳи кӯдаконаи шуъбаи уфунат, мудири шуъбаи ҷарроҳии таъҷилии кӯдакон ва аз соли 2007 ҳамчун мудири шуъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи узвҳои қафаси сина ва шиками Маркази миллии тиббии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Оид ба масъалаҳои умдатарини ҷарроҳии қафаси сина ва шиками кӯдакон тадқиқот бурда буд. Муаллифи чандин таълифоти илмӣ, пешниҳоди навоварона ва кашфиётҳо мебошад.  Соли 2004 дар кафедраи ҷарроҳии кӯдакони Донишгоҳи давлатии Граузи Австрия, соли 2006 дар кафедраи ҷарроҳии кӯдакони Академияи тиббии Қазоқистни Ҷанубӣ ва соли 2008 дар кафедраи ҷарроҳии  кӯдакони Академияи тиббии такмили ихтисоси Федератсияи Россия такмили ихтисос намуда буд. Роҳбарии  кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз соли 2010 инҷониб ба уҳда дошт.

    Шералӣ Раҳмонович иштирокчии чандин форуму конгрессҳои байналхалқӣ оид ба масоили гуногуни ҷарроҳӣ, педиатрия ва анестезиология буд. Узви Ҷамъияти ҷарроҳон, анестезиологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ҷарроҳон ва анестезиологҳои кӯдаконаи Федератсияи Россия буд.

   Таассуфовар аст, ки ҳамагӣ як моҳ пеш ҳамкасбон, ёру дӯстон ва наздикони табиби ҳозиқ ва меҳрубон - Султонов Шералиро барои ҷашни камолоташ табрик мекарданду имрӯз дар сӯгвориаш дарун - дарун месӯзанд.

    Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон нисбат ба марги бемаҳали Султонов Шералӣ сахт андӯҳгин буда, ба аҳли оила ва наздиконаш сабри ҷамил мехоҳад.

РАЁСАТИ  ДДТХ