Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

   

   Бо пайравӣ аз ташаббусҳои хайру эҳсонкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои умумиинсонӣ имрӯзҳо дар шароити доман густурдани пандемияи COVID - 19 ширкатҳои гуногун, кормандони ҳукумат, соҳибкорон ва шахсони алоҳида ташаббусҳои башардӯстонаи худро идома медиҳанд.

    Ҷанобилова Савриниссо Аҳмадбековна аз зумраи он хайрхоҳонест, ки дар мубориза бо коронавирус ҳиссаи хешро беғаразона гузошта истодааст. Қаблан, номбурда ба чандин оилаҳои ниёзманд кӯмаки худро расонида буд.

     Чун муаллимаи азиз аз ташкил ёфтани кори волонтёрӣ дар донишгоҳ хабардор мешавад, болидарӯҳ гашта мехоҳад, ки каме ҳам бошад, онҳоро дастгирӣ намояд. Зеро ӯ боварии қавӣ дорад, ки башарият танҳо бо кӯмаки байниҳамдигарӣ бар ин вирус пирӯз хоҳад шуд.

    Ин нафақахӯри 75 - сола, собиқ омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 89 - и шаҳри Душанбе ба маблағи 2000 (ду ҳазор) сомонӣ барои волонтёрони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон кӯмак намуд.

   Ташаббуси инсондӯстона ва ватанпарастонаи ин омӯзгори равшанзамир дар шароити доман паҳн кардани бемории сироятии коронавирус дар миқёси олам саривақтӣ мебошад.

 

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи волонтёрони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳӣ оид ба коронавирус ба аҳолии ноҳияи Данғара ва гирду атрофи он корҳои назаррасро ба сомон расонида, дар қатори табибони ҳозиқу фидокор бо ин вабои аср муташаккилона мубориза бурда истодаанд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба Савриниссо Аҳмадбековна барои чунин иқдоми хайрхоҳона изҳори сипос баён менамояд.

 

            РАЁСАТИ  ДДТХ