Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    Ҳар бори вориди утоқи кории Ҷаҳонгир Юлдошматович шудан ӯро машғули муоинаи беморон ва ё дар ҳалқаи шогирдон медидам. Якеро дорую дармон мекарду дигареро тавсияҳои хуб медод, сеюмиро муоина мекарду чорумиро нозукиҳои илми тиб меомӯхт. Касби табибиро сидқан дӯст медорад ва содиқ будан дар амалаш равшан аён мегардад.

    Дадоҷонов Ҷаҳонгир Юлдошматович зодаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд буда, пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш соли 2006 роҳ сӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Синоро пеш гирифт. Ба донишгоҳи мазкур дохил гардиду замоне ҳам аз омӯхтан даст накашид, талош менамуд баҳри аз худ намудани нозукиҳои ин касби пуршараф ва боифтихор. Суханони пандомези «Мебош табиби исавиҳуш, Аммо на табиби одамикуш» - ро, ки устодонаш пайваста дар машғулиятҳо таъкид медоштанд, сармашқ ва шиори зиндагии хеш қарор дода, меомӯхту меомӯхт. Соли 2012 Ҷаҳонгир Юлдошматович донишгоҳро сарбаландона хатм намуда, интернатураро дар солҳои 2012 - 2014 ва ординатураи клиникиро низ солҳои 2014 - 2016 муваффақона ба итмом расонд.

   Бо таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон соли 2016 Ҷаҳонгир Юлдошматович ҳамроҳи роҳбарият ва дигар кормандони донишгоҳ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон омадаву ба ҳайси ассистенти кафедраи морфология ва физиологияи одам ба кор оғоз намуд ва сипас ассистенти кафедраи муолиҷавӣ ва баъдан ассистенти кафедраи фанҳои ҷарроҳӣ шуда, бо масъулияти ба худ хос иҷрои вазифа намуда истодааст. Ҳамзамон, аз рӯзҳои аввал чун духтури ҷарроҳ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии воқеъ дар ноҳияи Данғара фаъолияти пурсамар дорад.

    Таҳти роҳбарии узви вобастаи АИТ ВТ ва ҲИА ҶТ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон дар соҳаи микроҷарроҳӣ ва реконструктивӣ Ҷаҳонгир Дадоҷонов ба тадқиқ ва кори илмӣ машғул буда, 25 адад   мақола ва фишурдаҳояш дар маҷаллаҳои илмӣ ба нашр расидаанд.

    Ҷаҳонгир Юлдошматович шабу рӯз ба мардум хизмати тиббӣ расонида, аҳолии ноҳияи Данғара ва берун аз он низ аз кӯмакҳои беназири ин табиби заҳматкашу кордон, ҳалиму хоксор ва фидокори соҳаи тиб қаноатманд мебошанд.

    Имрӯзҳо, ки тамоми ҷаҳонро вируси сироятии COVID-19 фаро гирифтааст, баҳри пешгирии ин вабои аср хизматҳои чунин табибони содиқ шоёни таҳсину офарин мебошад. Ҷон дар каф гузошта, дар пайи табобату шифоёбии беморон шабро шаб ва рӯзро рӯз нагуфта меҳнати софдилона намуда истодаанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки Дадоҷонов Ҷаҳонгир дар пешгирии бемории сироятии коронавирус низ саҳми босазо ва арзандаи худро хоҳад гузошт ва дар муҳофизати саломатии аҳолии Данғара ва берун аз он тамоми маҳорат, истеъдод ва малакаву дониши табибии худро равона хоҳад намуд.

    Мо барои Ҷаҳонгир Дадоҷонов саломатӣ мехоҳем, зеро саломатии ҷомеа аз саломатии табиб вобастагӣ дорад.

МУОВИНАТИ  ТАРБИЯ ВА ФАРҲАНГ