Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

           Субҳи    2 – юми сентябри соли равон дар толори фарҳангии ДДТХ вохӯрии  донишҷӯён бо ректор ва аъзои Раёсати донишгоҳ баргузор гардид. Сараввал ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Қурбон ба донишҷӯёни нахустини донишгоҳ аъзои Раёсатро  шинос намуда, бо чунин суханони табрикотӣ ҷамъомадро ифтитоҳ бахшид:                      

            «Шогирдони азиз, устодон ва ҳамкасбони гиромӣ! Сароғоз мехоҳам ҳамаи шуморо ба муносибати сазовор шудан ба номи  донишҷӯи аввалини  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон   аз номи раёсат ва шахсан аз номи худам самимона табрику муборакбод намуда, ба шумо пеш аз ҳама сиҳатмандии комил ва дар фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш муввафақияту бурдбориҳо орзу намоям. Дар ҳақиқат донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ гаштан шарафи бузургест, зеро ҳар кадоми шумо дар оянда ба чизи аз ҳама қимматноктарин- саломатии одамон сару кор хоҳед гирифт. Барои ин бошад шуморо, шогирдони азиз, панҷ-шаш соли бедорхобиҳо, кӯшишу заҳматҳои пайваста баҳри расидан ба ҳадафҳои аслӣ, яъне табиби ҳозиқу донишманд шудан, интизор аст.

                 Воқеан,  ҳамаи мо шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишварамон дар радифи дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар сохтори тандурус­тии кишварамон низ бозсозиҳои амиқ оғоз гардид ва ин раванд то имрӯз пайгирона татбиқ карда мешавад. Дар натиҷа, имрӯз заминаҳои наву муосири қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, такмили низоми идоракуниву маблағгузорӣ, муҳайё шуда, барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд расонидани хизматрасониҳои тиббӣ  мксоидат намуданд. Тавре  Шумо донишҷӯёни  азиз иттилоъ доред моҳи феврали соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  таъсис ёфт. Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуда   буданд, амалӣ шуд, ки  хеле муҳим, саривақтӣ ва заруру ногузир  мебошад.   Шумо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки ин муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ барои қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни мардуми Тоҷикистон бо табибони баландихтисос таъсис дода шудааст.  

            Боиси ифтихор аст, ки 31августи соли 2016,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Xум[урии Тоxикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи сафари корӣ  ба но[ияи Данuара ташриф оварда,   дар минтақаи барои  сохтмони иншооти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷудогашта,  нома ба наслҳои оянда ва  санги асоси ин маҳзани илму маърифатро  гузоштанд, ки бе шубҳа ҳамаи мову шумо шоҳиди ин рӯзи таърихӣ  гаштем.

          Донишҷӯёни азиз! Бояд ҳар кадоми шумо ба хуби донед, ки тиббӣ тоҷик таърихи бою рангин дорад ва тибби ҳақиқии ояндаро зарур меояд, ки дар баробари аз худ кардани асосҳои илми тиббӣ муосир. инчунин савияи донишу касбии хешро аз ҳисоби омӯзиши мероси бойи муттафакирони гузашта баланд бардорад.

         Имрӯз илми тиб дар баробари дигар илмҳои таббии бо суръати ниҳоят баланд рушду инкишоф ёфта, ба мутахассисони соҳа имкониятҳои нав ба нави табобати бемориҳои гуногунро фароҳам меорад. Аз худ намудани навгониҳои илм ва истифодаи оқилонаи онҳо дар таҷрибаи амалӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи толибилмони донишгоҳи тиббӣ ба ҳисоб меравад. Бояд қайд кард, ки  Раёсати донишгоҳ азм дорад  мунтазам  вазъияти таълиму тарбияро дар донишгоҳ  таҳким бахшад ва умед аст, ки бо баробари сохта шудани биноҳои нави таълимию маишӣ   даҳҳо кафедраву озмоишгоҳ ва клиникаҳои муҷаҳҳаз  бо таҷҳизотҳои муосир  барои Шумо шогирдони азиз   шароити беҳтарини таълим фароҳам хоҳад шуд.

           Бо маврид аст, ки аз натиҷаи маъракаи қабули довталабони имсола, ёдовар шавам. Бо масъулияти том мехоҳам изҳор намоям, ки имсол  мо аз ҳамаи воситаю имокиятҳо истифода бурда, дар имтиҳони қабул шаффофияти заруриро таъмин намудем. Натиҷаи ҳамин аст, ки мо тавонистем беҳтарин довталабонро, ки воқеъан ҳам  дониши муккамал доштанд, сазовори номи аввалин донишҷӯи  ДДТХ  гардонем.  Ин ҷо бори дигар мехоҳам таъкид  намоям, ки нафарони дар ҳақиқат омодагии хубу мақсадноку ҷиддидошта  аз ин даргоҳ ноумед бар нагаштаанд.

Шогирдони азиз!

Ба ҳамаи  шумо маълум аст, ки баъди чанд рӯз мо  ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатиамонро дар вазъияти тантанавӣ таҷлил хоҳем кард. Бояд ҳар яки шумо дарк намоед, ки  эъломи истиқлолияти давлатӣ муҳимтарин воқеа дар таърихи давлату миллати куҳанбунёди мо ба ҳисоб рафта, он ба осонӣ ба даст наомадааст. Душманони дохилию хориҷии миллати тоҷик ба ҳар роҳу восита мехостанд, ки истиқлолияти кишвари моро барҳам зада миллати шарифи тоҷикро аз ин неъмати бузург маҳрум созанд. Мардуми тоҷик зери роҳбарии сарвари оқилу хирадманди хеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки баҳри ҳифзи истиқлолияти кишвар истодагарӣ карда, сулҳу суббот ва як порчагии сарзамини хешро таъмин намоянд. Вале ҳамаи ин набояд мову шуморо ба ғафлат гузорад. Махсусан, шумо донишҷӯёни соли якуми таҳсил, ки ба дунёи васеи илму дониш имрӯз қадамҳои аввалини хешро мегузоред, дар баробари донишомӯзӣ бояд ҳар кадом дустдори ҳақиқии ватани хеш бошед  ва дар ин роҳ аз ҳар гунна амалҳои ифратгароён ва  душманони миллати тоҷик худатонро муҳофизат карда тавонед.

            Донишҷӯёни азиз, муҳтарам устодон ва  ҳозирини гиромӣ! иҷозат диҳед шуморо ба муносибати иди пурифтихор - Рӯзи Дониш  ва ҳамзамон ба фарорасии ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, хушбахтию саодатмандӣ, пирӯзӣ дар зиндагӣ ва фатҳи қуллаҳои нави илми муосирро  орзу намоям.

Танҳо бо сабру таҳаммул ва талошҳои пайваста Шумо метавонед дар ҷоддаи омӯхтани нозукиҳои касби табибро аз худ намоед ва  ворисони  арзандаву аслии Синои бузург шавед”.

Пас аз суханони табрикотӣ ректори донишгоҳ доир ба  фаъолияти сохторҳои донишгоҳ, шароиту имкониятҳои дастрас, нақшаю барномаҳои таълимӣ ва қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ бо донишҷӯён суҳбати озод доир намуд. Дар охири вохӯрӣ  таъкид гардид, ки донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ  дар фаъолияти худ  муносибати неку хайрхоҳона ба одамон дошта бошад, эҳтироми қоидаҳо ва шаъну шарафи донишгоҳро ба ҷо орад, боодоб, поквиҷдону   дурусткор ва  масъулиятшинос  ба уҳдадориҳои худ бошад.

 

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа