Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    17 - уми марти соли 2020 дар шаҳри Левакант бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар байни донишҷӯён даври ҷамъбастии озмунҳои «Маликаи Наврӯз» ва «Рӯзғордорӣ» баргузор гардид.
  Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар озмуни «Маликаи Наврӯз» донишҷӯи курси 2-юми (204т) - Қурбонхолзода Ш. ва дар озмуни «Рӯзғордорӣ» донишҷӯёни курси 2-юми факултети тиббӣ - Ҳусейнова С. (208т), Ќурбонова Т.(202т), курси 3-юми факултети педиатрӣ Азизмамадова О.(306п), Бобоева С. (309п) ва курси 4-уми факултети стоматологӣ - Шуҳратзода Ш. (404п) ҳамчун иштирокчӣ ҳунарҳои худро ба ҳайати ҳакамон ва нишастагони толор намоиш доданд.
   Ҳамзамон, дар озмунҳои мазкур муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Усмонова У.Х. мутахассиси шуъбаи таҷрибаомӯзӣ Насруллоев Д., саромӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ Шарипова Ҳ. иштирок доштанд.
   Аз ҷониби ҳайати ҳакамон донишҷӯи ДДТХ Ќурбонхолзода Шукрона дар озмуни «Маликаи Наврӯз» бо дипломи дараҷаи II ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо дипломи дараҷаи I сарфароз гардиданд.
   Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён ғолибонро табрику таҳният намуда, барояшон комёбиҳои нав ба нав орзу менамоянд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА