Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

  1 12 - уми марти соли 2020 дар театри ноҳияи Данғара озмуни «Маликаи наврӯзӣ» баргузор гардид, ки аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар он донишҷӯи курси 2-юми (гурӯҳи 204т) - Қурбонхолзода Ш. ва донишҷӯёни курси 3 - юми (гурӯҳи 304т) - Қурбонова С. ва (гурӯҳи 307т) - Тиллоева М. ширкат варзиданд.
    Қурбонхолзода Ш. ҳамаи шартҳои озмун, аз ҷумла, намоиши сарулибоси миллӣ, зиракии зеҳнӣ, қироати шеър, табрикоти наврӯзӣ ва омода намудани хӯроки наврӯзиро сарбаландона иҷро намуда, аз ҷониби ҳакамон сазовори ҷойи аввал гардид.
    Номбурда дар даври вилоятии озмуни «Маликаи наврӯзӣ» иштирок хоҳад кард.
   

    Раёсати донишгоҳ, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён Қурбонхолзода Шукронаро барои ғолиби озмун гардиданаш дар ноҳия табрик намуда, ҷиҳати иштирок дар озмуни вилоятӣ муваффақият орзу менамоянд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА