Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    Тибқи нақшаи тарбиявӣ дар кафедраи беҳдошт, эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ 30-юми январи соли ҷорӣ дар мавзӯи “Беҳдошти шахсӣ ва тарзи ташаккули ҳаёти солим” мизи мудаввар баргузор гардид.
  Сараввал мудири кафедраи номбурда н.и.т. Исоева Б.И. дар бораи беҳдошти шахсӣ, ташаккули тарзи ҳаёт ва фикрронии солим, варзиши бадан, беҳдошти ғизо, махсусан норасоии калтсий ва дигар микроэлементҳо дар организми инсон ва оқибатҳои нохуши он маърӯза кард.
  Қайд гардид, ки ташаккули тарзи ҳаёти солим дар таҳкими солимии аҳолӣ аз тариқи тағйири услубу тартиби зиндагӣ, солимгардонии он бо ёрии донишҳои гигиенӣ дар муборизаи зидди одатҳои бад, камҳаракатӣ, бартараф намудани ҷиҳатҳои номусоиди ҳолатҳои ҳаётӣ омили асосии профилактикаи ибтидоӣ мебошад.
  Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.х. Усмонова У.Х. қайд намуд, ки имкониятҳои функсионалии организм ва муқовимати он дар муқобили омилҳои нохуби муҳити берунӣ дар давоми ҳаёт ба таври куллӣ тағйир меёбанд, барои ҳамин ҳам дар бораи ҳолати саломатӣ ҳамчун раванди динамикӣ сухан гуфтан лозим меояд, яъне саломатӣ мустаҳкам ва заиф шуда метавонад. Нишондодҳои саломатии фардҳо сатҳи онҳоро дар ҷамъият муайян мекунад.
  Раиси Шӯрои занон н.и.ф. Саидова М.Р. илова намуд, ки одамон аксар вақт ҳангоми аз даст додани саломатиашон роҳи халосиро дар истеъмоли доруворӣ мебинанд ва қувваи таъсири омилҳои фаъолнокии ҳаракат, ғизои мукаммал, обутоб додани бадан, хоби бофароғат, масҳ ва худмасҳкуниро ба қадри лозимӣ ба эътибор намегиранд.
    Дар анҷом мудири кафедраи беҳдошт, эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ Исоева Б.И. чорабиниро ҷамъбаст карда, риояи тарзи ҳаёти солим ва варзиши баданро яке аз сарчашмаҳои асосии саломатии инсон номида, риояи онро ба ҳамагон тавсия дод.

КАФЕДРАИ БЕҲДОШТ,
ЭПИДЕМИОЛОГИЯ ВА
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ