Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

       25 - уми январи соли 2020 ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид. Дар ҷаласа масоили корҳои илмию тарбиявӣ ва таълимию методӣ дар Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара, иҷроиши сметаи даромад ва хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва хусусии ДДТХ, корҳои хоҷагӣ ва маъмурӣ дар соли 2019, тайёрии шуъбаи таълим, деканат ва кафедраҳо ба семестри 2-юми соли таҳсили 2019-2020 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
      Директори Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара - Баротзода А.Х. оид ба фаъолияти муассисаи мазкур маълумот дода қайд намуд, ки Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара дар асоси мактуби Вазорати тандурустии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз 29-уми майи соли 1990 дар заминаи филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб бо номи Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара таъсис дода шудааст ва 30 сол аст, ки фаъолияти худро идома дода истодааст.
    Айни замон дар Коллеҷ ҳамагӣ 1467 нафар донишҷӯ таҳсил намуда, 179 нафар омӯзгор фаъолият доранд. Дар асоси иҷозатнома дар Коллеҷ як ихтисос - “Кори ҳамширагӣ” амал намуда, мутахассисони дорои дараҷаи маълумоти миёнаи касбӣ тайёр карда мешавад. Муҳлати таҳсил бо маълумоти миёнаи умумӣ 3 (се) сол баъд аз хатми синфи 11, бо маълумоти миёнаи асосӣ 4 (чор) сол баъд аз хатми синфи 9 ва таҳсилоти шабона 3 солу 6 моҳ баъд аз хатми синфи 11 қабул карда шудааст.
     Сардори шуъбаи таълим н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х. оид ба омодагии ҳамаҷонибаи шуъбаи таълим, деканат ва кафедраҳо ба нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019-2020 маълумоти муфассал дод. Қайд гардид, ки нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019-2020 ҳаждаҳ ҳафтаи таълимиро дар бар мегирад. Дар нимсолаи мазкур дар маҷмӯъ 54 фанни таълимӣ тадрис карда мешаванд. Ҷадвали дарсӣ омода карда шуда, ба кафедраҳо пешниҳод гардидааст.
    Муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ-маъмурӣ Аҳадов Ш.Ф. дар бораи ба танзим даровардани шароити корӣ дар биноҳои маъмурӣ, таълимӣ, маишӣ, хобгоҳҳо ва дигар пойгоҳҳои фаъолияткунандаи донишгоҳ, ки вазифаи асосии муовинати мазкур ба ҳисоб меравад, сухан ронда қайд намуд, ки тамоми таваҷҷуҳ ба татбиқи вазифаҳои гузошташуда ва дар ҳолати хуби корӣ бо риояи меъёрҳои муқарраршуда нигоҳ доштани иншоотҳои мавҷуда равона гардидааст. Ин раванд имкон медиҳад, ки сифати кори кормандон ба таври доимӣ зери назорат қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ободонию кабудизоркунии гирду атрофи биноҳо рӯз аз рӯз беҳтар гардонида шавад.
     Қайд гардид, ки дар ин давра дар бинои асосии донишгоҳ аксарияти корҳои сохтмонӣ аз қабили корҳои оҳану бетонӣ, хиштчинӣ пурра ба анҷом расида, корҳои андоваи дохилии бино тақрибан 65-70%-ро ташкил медиҳад.
     Сохтмони бинои хобгоҳи донишҷӯён тибқи нақша 9 ошёна ва барои 548 ҷойи хоб пешбинӣ шудааст. Дар бинои мазкур корҳои оҳану бетонӣ то ошёнаи 7 ва корҳои хиштчинӣ аз ошёнаҳои 1 то 5 идома дорад.
     Сохтмони бинои таълимӣ бошад, тибқи нақша 6 ошёна буда, корҳои оҳану бетонӣ пурра ба анҷом расида, корҳои хиштчинӣ то ошёнаи 6-ум қисман ба анҷом расидааст.
    Дар маҷмӯъ рафти корҳои сохтмонӣ иншоотҳои донишгоҳ дар айни замон қаноатбахш буда, Раёсат ва масъулини донишгоҳ мунтазам бо намояндагони Дирексияи сохтмонҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрокунанда ҶСК “СТС-Иншоот” дар ҳамкорӣ қарор доранд.
Дар давоми ҷаласа сармуҳосиби донишгоҳ Ғ.Шарипов оид ба истифодаи сметаи даромад ва хароҷоти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар соли 2019 маълумоти муфассал дод.
     Ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон масъалаҳои дар боло зикргардидаро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, бо мақсади рафъи камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани кору фаъолият ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд.
   Аз ҷумла, директори Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара - Баротзода А.Х. уҳдадор гардид, ки камбудиҳои ҷойдошта, аз қабили нарасидани мутахассисони соҳавӣ, нарасидани китобҳо, надоштани ҳафтанома ё рӯзнома ва сомонаи коллеҷро ҳар чӣ зудтар бартараф намояд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА