Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

      6 - уми феврали соли равон тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2019 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри 2011, №АП-1729 дар толори маҷлисии донишгоҳ нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон, аъзои раёсати донишгоҳ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.
     Дар он 18 намояндаи расонаҳои иттилоотӣ, аз қабили шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Синамо», «Хатлон», «Кӯлоб», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Симои Данғара», «Фараж», «Народная газета», «Ваҳдатсаро», «Омӯзгор», «СССР», «Пайк», «Новый Хатлон», «Пайёми донишҷӯ», «СССР», оҷонсии иттилоотӣ ва хабаргузории «Озодӣ», намояндаи Хадамоти матбуотии вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Сараввал ректори Донишгоҳи давлатии тибби Хатлон муҳтарам Убайдулло Қурбон баромад карда, оид ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2019 ахбор доданд.
      Сипас нишасти матбуотӣ тариқи саволу ҷавоб сурат гирифта, ба саволҳои хабарнигорон вобаста ба воситаҳои ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ, шароити хобгоҳ, базаи илмии донишгоҳ, рафти сохтмони донишгоҳ, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ҷалб намудани мутахассисони унвондор, теъдоди ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар донишгоҳ ва чанде дигар ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон посухҳои мушаххас доданд.
        Ёдовар мешавем, ки барои намояндагони васоити ахбори омма варақаи иттилоотӣ вобаста ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар соли 2019 бо забони давлатӣ таҳия гардида, дар рӯзи нишасти матбуотӣ дастраси хабарнигорон карда шуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА