Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     Тибқи фармоиши Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, муҳтарам Убайдулло Қурбон аз 21-ум то 23-юми январи соли ҷорӣ бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани истифодабарии технологияи иттилоотӣ барои ҳайати профессорону омӯзгорони ДДТХ аз ҷониби Маркази технологияи иттилоотӣ дар якҷоягӣ бо кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
   Семинари мазкур дар давоми се рӯз аз ҷониби омӯзгори кафедраи физика ва информатика Саидов Н.А. гузаронида шуд.
     Омӯзгорон нозукиҳои барномаҳои Word, Exsel ва PowerPoint - ро, ки дар баланд бардоштани сифати таълим ва беҳтару хубтар расонидани маълумот ба донишҷӯён аҳамияти калон доранд, омӯхтанд.
    Ҳамзамон, дар рафти семинар тарзи тайёр намудани презентатсия пешниҳод гардида, омӯзгорон бо усулҳои беҳтарини омода намудани презентатсияҳо шинос шуданд.
     Иштирокчиёни семинар бо Сертификати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон сарфароз хоҳанд шуд.

ШУЪБАИ ТАЪЛИМ