Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

      22-юми январи соли равон бо ибтикори муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.х. Усмонова У.Х. дар кафедраи химия ва биологияи тиббӣ бахшида ба таҷлили иди Сада мизи мудаввар баргузор гардид. Сараввал, Усмонова У.Х. ҳозиринро ба муносибати ҷашни Сада табрику таҳният намуд. Номбурда суханони Президенти муҳтарамро ёдовар шуда, қайд намуд, ки «Таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада ба арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши боз ҳам бештари ҳисси миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми кишварамон ва ба ин васила вусъат гирифтани раванди ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон мусоидат мекунад».
     Сипас, оид ба таърихи пайдоиши иди Сада омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ - Ҳошимов М.Т. маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки «ҷашни Сада дар ашъору осори гузаштагон ва маъхазҳои илмӣ ба таври гуногун тасвир шудааст, вале як чиз мусаллам аст, ки ҳамаи онҳо ба пайдоиши оташ ишора мекунанд ва фалсафаи ҷашни мазкур низ фатҳи нур бар зулмот мебошад».
    Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ Саидов С.М, омӯзгорони кафедраи забонҳо Қурбонов Х.Ш, Асоев Ҷ.Х., профессори фахрии кафедраи забонҳо Должикова В.А. омӯзгори кафедраи фанҳои муолиҷавӣ Омонов Э. ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайки шифо» О. Саркорӣ суханронӣ намуданд.
      Дар анҷоми чорабинӣ мудири кафедраи химия ва биологияи тиббӣ н.и.х. Усмонова У.Х. ҳозиринро бори дигар ба муносибати ҷашни бостонии Сада табрик намуда, барояшон бахту саодат ва хонаободиро таманно намуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА