Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     Аз 10-ум то 14-уми январи соли равон донишҷӯёни курсҳои якуми факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ ба таҷрибаомӯзии шиносоӣ равона карда шуданд.
  Пойгоҳи таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара, Беморхонаи клинникии ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара ва Дармонгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон интихоб гардид.
     Роҳбарони таҷрибаомӯзӣ аз кафедраҳои клиникии донишгоҳ таъин карда шуданд.
  Сараввал аз ҷониби роҳбарони таҷрибаомӯзӣ шинос намудани донишҷӯён бо корҳои шуъбаи қабули беморхонаҳо ва тарзи қабули беморон сурат гирифт.
    Ҳар рӯз донишҷӯён чор соат таҷрибаомӯзӣ намуда, бо шуъбаи қабул, шуъбаи ҷарроҳӣ, амалиётхонаҳо, шуъбаи гинекология, бемориҳои даруни шиносоӣ пайдо намуданд.

ШУЪБАИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ
ВА ҲАМОҲАНГСОЗӢ ОИД БА
КОРҲОИ ТАШХИСУ ТАБОБАТӢ