Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    6-уми январи соли 2020 дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон лексияи профессори Донишгоҳи улуми тиббии Кобул Аминулло Ҳамкор баргузор гардид.
  Профессор Аминулло Ҳамкор дар мавзӯъҳои рушди ҷарроҳиҳои реконструктивию пластикӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва саҳми мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи он бо аҳли толор сухбат оростанд. Сараввал профессор оид ба вазъи кунунии Афғонистон мухтасар маълумот дода, сипас оид ба вазъияти соҳаи тиб суханронӣ намуданд.
   Дар анҷоми лексия, профессор Аминулло Ҳамкор ба саволҳои омӯзгорону донишҷӯён ҷавобҳои мушаххас доданд.
    Ҳамзамон, дар рафти мулоқоти Раёсати донишгоҳ бо профессор Аминулло Ҳамкор барои ба имзо расонидани шартномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Донишгоҳи улуми тиббии Кобул заминаҳо фароҳам оварда шуданд.

ШУЪБАИ РАВОБИТИ
БАЙНАЛМИЛАЛӢ,
ДЕКАНАТ