Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

       Тибқи нақша дар давоми ҳафтаи сипаригашта (аз 4-ум то 8-уми октябр),   мудири кафедраи «Ҷомеашиносӣ» - Гулов А. А. ва омӯзгори кафедраи мазкур Кураева М. К., ҳамроҳи  донишҷӯёни курси якум ба тамошои осорхонаи ноҳияи Данғара рафтанд.  Кормандони  осорхона устодон ва донишҷуёнро бо як меҳру муҳаббат ва  самимияти баланд  қабул намуданд.  Бо кӯмаки кормандони осорхона донишҷӯён аз таъриху  маданияти халқу миллати худ маълумоти зиёде пайдо намуданд. Дар ҳар як нақшу нигор,    дар ҳар як «санги  хомӯш» таърихи чандинҳазорсолаи миллати куҳанбунёди мо- тоҷикон   нақш бастааст. Барои донишҷӯён  гӯшаи навбунёди ин осорхона,  ки ба кору фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуда буд, диққатҷалбкунанда  ва фаромӯшношуданӣ буд.

    Албатта, чизе ки донишҷӯён дар  осорхона тамошо карданд ва аз забони кормандони ин муассиса шуниданд,  сатҳи ҷаҳонбинии онҳоро боз ҳам васеътар намуда, меҳру муҳаббати онҳоро нисбати ниёкон, мероси бозмондаи онҳо,    меҳри ватанхоҳию  ватанпаравриро   беш аз пеш мегардонад. Дар воқеъ, сабақи таърих барои донишҷӯён дарси бузурги худшиносӣ мебошад. Чунин дарс – сайёҳат бори дигар собит намуд, ки ташкил намудани ин гуна дарсҳо барои дуруст омӯхтан ва ба таври комил аз худ кардани моҳияти фанни таъриху фарҳангшиносӣ  нақши бузург дорад.

КАФЕДРАИ  ҶОМЕАШИНОСӢ