Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    3 октябри соли равон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Мақоми забони давлатӣ дар низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар конференсия докторону профессорони саршиноси ҷумҳурӣ, кормандони Агентии хизмати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоирону нависандагон ширкат варзиданд.

   Дар конференсияи мазкур аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забонҳо Қурбонмамадов С.Х., иштирок намуд. Номбурда дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушду инкишофи забони тоҷикӣ» маърӯза кард.

            КАФЕДРАИ ЗАБОНҲО