Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     Тибқи нақша дар ДДТХ барои таҷлили «Рӯзи Дониш» чорабиниҳо идома доранд.
     Таҳти назорат ва роҳбарии муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Усмонова У.Х., муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ ва маъмурӣ Аҳадов А.Ш., декани факултетҳо Боронов Ҳ.А., ва мудири шуъбаи ҷавонон Раҳимов Ш.Х., рӯзҳои охири ҳафтаи моҳи августи соли равон бо иштироки донишҷӯёни курси якум дар донишгоҳ шанбегиҳо гузаронида истодаанд. Ҳар рӯз донишҷӯён дар тоза кардани биноҳо ва саҳни донишгоҳ саҳми арзандаи худро мегузоранд ва гирду атрофи онро боз ҳам зеботар мегардонанд.
    Рӯзи 28 август аз тарафи деканат дар дохили донишгоҳ барои донишҷӯён бо мақсади шинос намудани онҳо бо кафедраҳои гуногун эксикурсия ташкил карда шуд. Донишҷӯёнро ба кафедраҳои дохилидонишгоҳӣ сафарбар намуда, бо мавқеи ҷойгиршавии кафедраҳо ва мудирони кафедра шинос намуданд. Ҳар як мудири кафедра аз донишҷӯён маслиҳатҳои муфиди худро дареғ надоштанд.
   Аз 29 август кормандони китобхона маъракаи ба қайдгирии донишҷӯёни курси якумро оғоз намуданд. Бояд қайд кард, ки худи донишҷӯён дар ба қайдгирӣ фаъолона ширкат варзида, барои кормандони китобхона ёрии ҳаматарафаи худро расонданд. Махсусан, кӯмаки донишҷӯёни курси якуми факултаи педиатрии донишгоҳ Имомова Л., Наҷмуддинова М., Тағоева М., Ҳасанова С., Холбобоева И., Гадоева М., Азимова Н., ва ғайраҳо хеле назаррас буд.

   Ҳамзамон, дар рӯзҳои наздик тақсимоти китоб барои донишҷӯён дар назар аст. Кормандони китобхона кӯшиш менамоянд, ки меъёрҳои тақсимоти китобро ҳаматарафа дуруст ба роҳ монанд.
   Инчунин, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Усмонова У.Х., декани факултетҳо Боронов Ҳ.А., ва раиси Шӯрои занон ва духтарон Шарипова Ҳ.Я., 30-юми августи соли ҷорӣ дар толори фарҳангӣ донишҷӯёнро бо қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ ва дастурамали либосҳои тавсиявӣ шинос намуданд. Дар рафти суҳбат таъкид гардид, ки дар баробари таҳсил намудан бо баҳои хубу аъло интизоми намунавӣ ва ахлоқи ҳамида низ барои ҳар як донишҷӯ чун обу ҳаво зарур аст.

Хабарнигори сомона