Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     Рӯзи 28-уми августи соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи нахустини Шӯрои олимони донишгоҳ барои соли нави таҳсили 2019 – 2020 баргузор гардид.

   Нахуст, Ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳозиринро бо фарорасии соли нави таҳсил табрику таҳният гуфта, барои корҳои пурзаҳмати таълиму тарбия муваффақиятҳои бузург орзу намуданд.

   Дар ҷаласа аз рӯйи рӯзнома масъалаҳои омодагии шуъбаи таълим, деканат ва кафедраҳо ба соли нави таҳсил, натиҷаи озмуни қабули кормандони ҲПО, қабули донишҷӯён ба курси якум, тасдиқи нақшаи кории Раёсат ва Нақшаи кории Шӯрои олимон барои соли таҳсили 2019-2020 баррасӣ ва муҳокима гардиданд.

    Ҳамзамон, дигар масъалаҳои муҳим, аз қабили  таъсиси сохторҳои нав ва тағйироти кадрӣ дар ДДТХ, тасдиқи «Оиннома»-и Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара» ва фармоиш оид ба Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик, таъсис додани маркази омӯзиши симулятсионӣ ва тасдиқ намудани Низомномаи он, таъсисёбии кафедраҳои нав дар донишгоҳ, ивази номгузории кафедраҳои физикаи биологӣ ва информатика, морфология ва физиологияи одам, ба фаъолият шуруъ намудани шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва ҳамоҳангсозӣ оид ба корҳои ташхисию табобатӣ, фармоишҳои нави кадрӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

     Дар рафти ҷаласа «Оиннома»-и Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара» тасдиқ гардида, ба директори муассисаи мазкур Баротзода А.Х. супоришҳои мушаххас дода шуд. Таъкид гардид, ки то нимаи моҳи сентябр Низомномаҳои бахшу сохторҳо, муҳру навиштаҷот, варақаи унвонӣ ва дигар атрибутҳои Коллеҷ аз нав таҳия ва тасдиқ карда шавад.

    Бо қарори Шӯрои олимони ДДТХ барои ба роҳ мондани раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва омӯзиши малакаю маҳорати касбӣ дар сохтори ДДТХ сохтори воҳидӣ бо номи “Маркази омӯзиши симулятсионӣ” таъсис дода шуда, Низомномаи он тасдиқ гардид. Сардори Маркази омӯзиши симулятсионӣ Одинаев Бобоҷон Сангович таъин карда шуд.

     Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо мақсади мукаммал намудани сохторҳои воҳидии худ, ҳамзамон, дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор доштани донишгоҳро ба инобат гирифта, дар ДДТХ сохторҳои нав таъсис дод. Аз ҷумла, кафедраҳои анатомияи патологӣ, тибби судӣ ва гистология (мудир-Боронов Ҳ.А.), физиологияи нормалӣ ва физиологияи патологӣ, беҳдошт, эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ (мудир-Исоева Б.И.), фанҳои стоматологӣ (мудир- Айниев Б.С.), фанҳои педиатрӣ (мудир-Кузибаева Н.К.) аз соли нави таҳсил ба фаъолият оғоз менамоянд.

   Инчунин, Ҳомидзода Исохон Ҷалолиддин – сарвари шуъбаи равобити байналмилалӣ, Холиқов Саидаҳмад Умархонович – сарвари шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва ҳамоҳангсозӣ оид ба корҳои ташхису табобатӣ, Мардонова Ниссо - муовини декани факултети тиббӣ, Холов Акмал Давлаталиевич-муовини декани факултети стоматологӣ ва Ошурмаҳмади Саркорӣ - муҳаррири рӯзномаи “Пайки Шифо” таъин гардиданд.

Ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, ба масъулини сохторҳои марбута супоришҳои мушаххас доданд. Дар охир таъкид карданд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, дар якҷоягӣ баҳри пешбурди фаъолияти донишгоҳ саҳми арзандаи худро гузорем.

Хабарнигори сомона