Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

Имрӯз, 3-юми августи соли 2019, вобаста ба эълон шудани натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019, Комиссияи қабули довталабони ДДТХ – 2019 ба кори худ шурӯъ намуд.

 

Комиссияи қабул ҳамарӯза аз соати 07:00 то 17:00 фаъолияташро ба роҳ мондааст.

Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 15‑уми август ба Комиссияи қабул ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда мешавад, муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб ба Комиссияи қабул, довталабро зарур аст, ки қаблан, то 15‑уми август, комиссияи қабулро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.

ТАВАҶҶУҲ! Мувофиқи тартиби муқарраргардида, дар сурати то 15‑уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарданаш ӯ аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад ва ҷойҳои аз ин ҳисоб холимонда дар озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод карда мешаванд. Чунин довталаб дар озмуни тақсимоти такрорӣ ҳуқуқи иштирокро надорад.

 

Довталабон имкон доранд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Комиссияи қабул – Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  низ пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони дар озмуни тақсимот муваффақгардида бояд ба Комиссияи қабул пешниҳод намоянд, инҳоянд:

1) ариза ба номи ректор;

2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат);

3) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у);

4) 6 дона сурати ранга (андозаи 3х4см);

5) маълумотнома аз ҷойи зист;

6) шиноснома (асл ва нусха) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ  додааст;

7) билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон);

8) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).

 

Дар мувофиқа бо “Номгӯйи бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи дар муассисаҳои таълимии тиббӣ таҳсил карданро надоранд”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми сентябри соли 2018, № 475 тасдиқ шудааст, дар назди комиссияи қабул ташхиси тиббӣ низ гузаронида мешавад. Хотиррасон мекунем, ки агар ҳангоми ташхис муайян карда шавад, ки довталаб гирифтори чунин беморӣ аст, комиссияи қабул ин довталабро қабул намекунад.

Комиссияи қабул