Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

   Рӯзи 19-уми августи соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон озмуни қабули кормандон мувофиқи эълони қаблии дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ дарҷшуда, баргузор гардид. Қайд кардан лозим аст, ки дар озмун зиёда аз 35 нафар довталабон бо ихтисосҳои забони англисӣ, биология, химия, таъриху ҳуқуқ, муолиҷавӣ, ҷарроҳӣ, физиология, анатомияи одам, акушер-гинеколог, педиатр ва ѓайра ширкат намуданд.

                Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки соли чорум боз фаъолият дорад, ба мутахассисони нав эҳтиёҷ дорад, зеро аллакай мувофиқи нақшаи таълимӣ теъдоди кафедраҳои таълимии донишгоҳ ба 14 расид. Кафедраҳои муолиҷавӣ, педиатрия, беҳдошт, анатомияи патологӣ, физиологияи нормалӣ, ки ба тозагӣ таъсис шудаанд, ба қабули кормандони нав эҳтиёҷ доранд.

  Довталабон пурсишномаҳоро пур карда, аз забонҳои тоҷикию русӣ кори хаттӣ супориданд. Дар охир   аз рӯи ихтисосашон тибқи саволномаҳои тестӣ аз фанҳои педагогика ва психология, информатика, таъриху ҳуқуқ ва соҳаи интихобкардаашон имтиҳон супориданд.

Шуъбаи таълим 

Шуъбаи кадрҳо