Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

      Бо мақсади татбиқ намудани дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои талаботи  моддаи 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» ва Нақша- чорабиниҳои Клуби сайёҳии ДДТХ дар санаҳои 05-06 - уми моҳи июли соли 2019, бо назардошти бомувафаққият ба анҷом расидани соли таҳсил аз ҷониби Раёсати донишгоҳ  ба хотири сарҷамъӣ ва истироҳати устодону профессорони донишгоҳ, инчунин ҷиҳати шинос намудан аз ҷойҳои  таърихию фарҳангӣ ва  сайёҳӣ, ташкили фароғатро дар минтақаи  Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон ташкил намуд. 

       Ёдовар мешавем, ки дар хатсайри  мазкур 12 нафар аз ҳайати профессорону омӯзгорони ДДТХ  иштирок доштанд..

Ҳангоми сафар аъзои даста аз қалъаи таърихии Мири Балҷувон, оромгоҳ-мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Зарробии Валӣ, воқеъ дар ноҳияи Балҷувон дидан намуда, баъдан дар давоми сафар аз ёдгориҳои таърихӣ “Сангтӯда”, “Чилчанор” МДҶ Боғ-осорхонаи "Шӯриши Восеъ", воқеъ дар деҳаи Дараи Мухтори ноҳияи Ховалинг, Мақбараи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ ва мавзеъҳои таърихиву табии ноҳияи Ховалинг аз наздик дидан намуда, як ҷаҳон таассурот ва ғизои маънавӣ гирифтанд.

      Дар воқеъ, ҳавои форам ва серуну салқини ин мавзеъҳои  кӯҳистон ба кас ҳузуру ҳаловати махсусе мебахшад. Ҳамсафарон аз чунин манзараҳои нотакрори афсонавӣ ба ваҷд омада, бори дигар дар оғӯши табиат худро ҳамчун тифле эҳсос мекарданд. 

 

Клуби сайёҳии ДДТХ