Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

      Санаи 01 – уми июли соли равон ҷаласаи ниҳоии Шӯрои олимони ДДТХ дар соли таҳсили 2018 – 2019 баргузор гардид, ки дар он  аъзои Шӯро ба пуррагӣ иштирок доштанд. Дар ҷаласа масълаҳои зерин тибқи рӯзнома  баррасӣ гардиданд.  Аз ҷумла, ҳисоботи шуъбаи кадрҳо, ҳисоботи муҳосибот оид ба  истифодаи сметаи  даромад ва  хараҷотии  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар 6-моҳи  соли 2019, ахбор  оид ба иҷрои сарбории таълимӣ ва натиҷаи ҳисоботи инфиродии омӯзгорони кафедраҳо дар соли таҳсили 2018 -2019  ва маълумоти шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа доир ба вазъи коргузорӣ ва натиҷаи иҷроиши дастуру супоришҳои ректор, қарорҳои раёсат ва Шӯрои олимон  дар соли таҳсили 2018 – 2019.

    Сараввал ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Қурбон дар фазои тантанавӣ ба иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи забонҳо, «Корманди шоистаи Тоҷикистон» Должикова Валентина Андреевна барои хизматҳои шоёнаш дар рушду нумӯи кадрҳои илмӣ - педагогӣ ва методии донишгоҳ Дипломи  Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро тақдим намуд.  Лозим ба қайд аст, ки унвони мазкур дар фаъолияти сесолаи донишгоҳ аввалин ба ҳисоб рафта, ҳамакнун Шӯрои олимони донишгоҳ имкон дорад, ки омӯзгорон ва дигар номзадони хизматнишондодаро бо дипломи «Профессори фахрии ДДТХ» сарфароз намояд. 

     

    Сипас, маърузаи роҳбарони сохторҳо аз рӯи рӯзномаи ҷаласа шунида шуда ва муҳокима гардиданд.

   Бояд қайд намуд, ки вазифаҳои аввалиндараҷае, ки дар назди  раёсат ва Шӯрои олимони ДДТХ  дар давоми соли таҳисли 2018 – 2019 гузошта шуда буд ин  пеш аз ҳама, ҷалб ва таъмини омӯзгорон, ташкилу таъмини босифати раванди таълим ва беҳтару хубтар ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ – маърифатӣ мебошад, ки дар маҷмӯъ ин ҳайат  рисолати хешро муваффақонаву  сарбаландона ба иҷро расонид. 

    Ҳамзамон, аз ҷониби ректори донишгоҳ таъкид гардид, ки то оғоз гаштани соли нави таҳсил,  раёсати донишгоҳро зарур аст, то  як қатор   корҳои  омодагиро дар давраи  таътил   ба сомон расонанд. 

   Дар ҷамъбасти ҷаласа ба аъзои  Раёсат ва ҳайати  Шӯрои олимони ДДТХ  аз ҷониби ректори донишгоҳ  барои  фаъолияти  босамарашон, изҳори миннатдорӣ карда шуд.   

шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа