Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

Шодона месароем андар сароӣ Ваҳдат,

Ҷаҳду ҷадал намоем баҳри бақои Ваҳдат.

Олам сано бихонад бар халқу миллати хеш,

Ҳам аз барои сулҳу ҳам аз барои ваҳдат.

    Ватан сарчашмаест аз оби кавсар ва биҳиштест барои ҳар як соҳибватан,ки меҳру муҳаббати онро дар дил кошта, тоқати дур рафтан аз онро надорад.Ватан ин модари ҳастии ҳар як фарди боору номуси кишвар мебошад. Бале, барои мо ватан азиз аст чунки дар ҳар гӯшаю канораш ки набошем,худро дар хонаи хеш мепиндорем ва нороҳат намешавем,чунки дӯстдории ватан ҳамон вақте маълум мегардад, ки мо номи кишварамонро дар саросари ҷаҳон баланд бардорем,чӣ дар соҳаи варзиш бошад ва ё чи дар соҳаи илм.
     Санаи 21 соли равон соати 10:30 дар толори фарҳангии ДДТХ барномаи идона бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Ваҳдат бақои давлату миллат ва зиндагии осоиштаи мардум”баргузор гардид.Дар чорабинӣ ҳайати профессорону омӯзгорон,донишҷӯёни курси сеюм иштирок доштанд.Аз васоити ахбори омма бошад,шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон наворбардорӣ намуд.ки ин боиси хушҳолист.Сухани ифтитоҳии чорабиниро муовини ректор оид ба таълим Аҳмадов Ш.Р. оғоз намуданд.
    Дар чорабинӣ мушовири ректори ДДТХ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Азизуллоев А.А. маърӯзаи худро бо номи “Ваҳдат бақои давлату миллат ва зиндагии осоиштаи мардум” пешниҳод намуданд.Баъдан мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Гулов А.А. дар мавзӯи “Хусусиятҳои фалсафии Ваҳдати миллӣ” сухан намуданд. Донишҷӯён Шерназаров Комёб дар мавзӯи “Ваҳдат-неъмати бебаҳо” ва Қудратова Беназир дар мавзӯи “Манфиатҳои Ваҳдати миллӣ барои ҷавонон” маърӯза намуданд. Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт. Бинобар ин, ваҳдати миллиро бешубҳа метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.
Хулоса, чорабинии мазкур бори дигар нақши бузурги Ваҳдати миллиро дар як порчагӣ,сулҳу суботи кишвари азизамон собит намуд. Боварӣ дорем,ки ҳам устодону ҳам донишҷӯён бори дигар эҳсос намуданд, ки дӯст доштани Ватан,ҳифз намудани муқаддасот ва якпорчагии он вазифаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Муовинати тарбия ва фарҳанг