Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

   Туризм падидаи мураккаби иқтисодию иҷтимоии замони муосир буда, вобаста ба беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолӣ рушд меёбад. Бахши туризм чун дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дар баробари рушди тамаддуни инсонӣ тағйирёбанда буда, он навгониҳои ҳаёти муосирро таҷассум менамояд. Масъалаҳои назария ва амалияи туризм таваҷҷуҳи иқтисодчиён, ҷомеашиносон, тарбиятгарон, равоншиносон, муаррихон, фарҳангшиносон, санъатшиносон ва ҳуқуқшиносонро ба худ ҷалб намудааст ва ҳар кадоме аз ин мутахассисони зикргардида масоили туризмро мансуб ба соҳаҳои худ медонанд. Ин боиси он мегардад, ки туризм таърифи ягона надошта, паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад.
   Санаи 20 июни соли равон соати 7:30 дар толори фарҳангии ДДТХ Ҳамоиши илмӣ – бадеии “Клуби сайёҳии ДДТХ” баргузор гардид, ки дар он мудири кафедраи фанҳои муолиҷавӣ н.и.т., Кузибаева Н.К. дар мавзӯи “Туризм ва тиб” маърӯзаи худро пешкаши аҳли нишаст намуданд. Мудири кафедраи фанҳои муолиҷавӣ н.и.т., Кузибаева Н.К. қайд намуданд, ки сайёҳати туристӣ ин натанҳо гаштугузор дар дашти озод мебошад, балки сайёҳат аз шахс ҳушёрӣ ва зиракиро талаб менамояд, ки то шахс дар ҳар гуна ҳолатҳои номусоид худро муҳофизат намуда тавонад.
   Сафарҳои туристӣ - ин на танҳо сайру гашт, балки кори заҳматталабест дар шароитҳои муайяне, ки бардошти психологӣ ва физиологиро талаб менамояд ва баҳри баҳо додани ҳолату кори фаъолияти фикрронӣ равона шудааст. Ҳангоми равона шудан ба сайёҳат, сайёҳ бо мушкилиҳои гуногуне рӯ ба рӯ мешавад, ки метавонад ба саломатӣ зарар расонда сайёҳатро номумкин гардонад. Ба сайёҳ ҳамавақт омилҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва табиат таъсир мерасонад. Сайёҳ маданияти он минтақа ва хатарнокии онро барои саломатӣ намедонад ва бар зидди бемориҳои эндемикии минтақа масуният надорад.
   Ҳар як сайёҳ бояд ёрии пеш аз табибиро расонида тавонад, қоидаҳои пешгирии осеб ва беҳдошти шахсиро риоя намуда, дар баробари ин ба роҳбари сайёҳон аз ҳолати саломатӣ ва осебёбӣ маълумот диҳад.
Вазифаи табиб то ба сайёҳат рафтан аз он иборат мебошад, ки ӯ бояд ҳар як аъзои клуби сайёҳиро оид ба доштани бемориҳои музмин ва шадид аллергия аз чанг, шаҳди гулҳо саволу ҷавоб намуда, қуттии дорувории намунавӣ омода созад.
   Вазифаи табиб дар сайёҳат: расонидани ёрии аввалини тиббӣ, ба аъзои клуби сайёҳӣ ҳаррӯза додани кислотаи аскорбинат дар рӯзи сеюм пурсидан аз аъзои клуб аз ҳолати рӯдаҳояшон. Ҳангоми ба вуҷуд омадани мушкилоти ҷиддӣ табиб бо сарвари клуби сайёҳӣ оид ба иваз намудани хатсайри сайёҳат масъалаҳоро ҳаллу фасл менамояд. Ҳангоми рафтан ба сайру сайёҳати дур ҳар як шахс бояд қуттичаи инфиродии доруворӣ дошта бошад, он элементи ҳатмӣ ҳангоми сайру сайёҳат ба минтақаҳои дур аз шаҳр мебошад ва дорои дорувориҳое мебошад, ки барои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ лозим мешавад. Ҳолатҳое, ки ба рафтани сайёҳат монеъ мешаванд инҳоянд: нуқсонҳои органикии дил, гипертония, бемориҳои бофтаи дил, сили шушҳо, бемориҳои реши меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта ва дигар бемориҳои музмин.
   Хулоса, ҳангоми озими сайру сайёҳат шудан ҳар як нафар бояд ба саломатии худ диққати ҷиддӣ диҳад ва барои эмин нигоҳ доштани худ аз ҳаводису дигар офатҳои табиӣ тамоми чораҳоро андешида тавонад.

Кафедраи фанҳои муолиҷави