Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     Санаи 6-уми июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии Данғара дар асоси нақша - чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии сатҳи ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва равияҳои динӣ, мусобиқаи кушод аз рӯи намудҳои волейбол, футболи хурд ва шоҳмот байни дастаҳои донишҷӯёни донишгоҳҳои вилояти Хатлон таҳти шиори “Варзиш барои ҳаёти солим ва зидди нашъамандӣ” гузаронида шуд.
   Дар мусобиқа дастаҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Коллеҷи тиббии Данғара ширкат варзиданд.
    Аз дастаи шоҳмотбозони ДДТХ донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ Ҳайдаров Ҳайдаралӣ мақоми аввалро ишғол намуд.
    Дар ҷамъбасти мусобиқа шоҳмотбозони ДДТХ дар вохӯриҳои инфиродӣ сазовори ҷойи I-ум ва дар сабқатҳои даставӣ II-юм гашта, бо медал ва дипломҳо сарфароз гардонида шуданд.

Омӯзгори кафедраи физикаи
тиибӣ ва информатика, Самиев С.Ф.