Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

Санаи 01 - уми майи соли равон ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони ДДТХ  баргузор гардид, ки дар он аз 30 нафар аъзои Шӯро 29 нафар    иштирок доштанд.

Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа, маълумоти шуъбаи таълим дар бораи омодагии муовинати таълим ба сессияи имтиҳонии тобистонаи соли таҳсили 2018 -2019, ҳисобот оид ба фаъолияти МТИ, Китобхонаи донишгоҳ ва ахбор доир ба фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ дар соли таҳсили 2018 -2019  баррасӣ ва муҳокима гардиданд. 

Сараввал аз ҷониби ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон ба 9 нафар (Ситамов С  - мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика, Чориев С.А.- мудири кафедраи химия ва биологияи тиббӣ, Гулов А.А.- мудири  кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, Должикова В.А. - саромӯзгори кафедраи забонҳо, Одинаев С.П. - саромӯзгори кафедраи забонҳо, Султонмамади Г. - омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ, Саидов Н. - омӯзгори кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика, Мамадалиева С.А. - омӯзгори кафедраи забонҳо ва Мардонова Н. - омӯзгори  кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ) аз омӯзгорони ботаҷриба ва ҷавон  барои фаъолияти пурмаҳсул ва дастовардҳои шогирдонашон, зимни иштирок дар Олимпиадаи фаннии байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти  олии касбии ҶТ, ки аввали моҳи майи соли равон доир гардида буд, бо Ифтихорномаҳои ДДТХ ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Вобаста ба масъалаи тайёрии муовинати таълим ба сессияи имтиҳонии тобистона, қайд гардид, ки аз ҷониби сохторҳои масъули донишгоҳ барои баргузор намудани сессияи тобистона чораҳои саривақтӣ андешида шуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани сессия, омодагиҳои ҳаматарафа ба анҷом расонида шудааст.  Инчунин, маълумот дода шуд, ки дар маҷмуъ дар курси якуми ҳамаи факултетҳо  тадриси  14 фан, дар курси дуюм  13 фан ва дар курси сеюм  16 фанҳои таълимӣ  аз ҷониби 9 кафедраи донишгоҳ амалӣ шуда, мутобиқи нақшаи таълимӣ якуми июни соли равон ба пуррагӣ ба анҷом   расид.  Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2018-2019 мувофиқи нақшаи таълим дар маҷмуъ аз курси якум то сеюми ҳамаи факултетҳо 18 имтиҳон ва 3 санҷиши дифференсиалӣ муқаррар карда шудааст.

Сипас, маърузаҳои сарвари МТИ  - Мардонзода Қ.М, мудири Китобхона - Саидова М.Р., роҳбарони созмонҳои чамъиятӣ - Раҳимов Х.С. Шарипова Ҳ.Я. ва Камолов Д.Ғ. шунида шуда,  ҳамзамон мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Пас аз маърузаи роҳбарони сохторҳо дар алоҳидагӣ ҳар як масъала аз ҷониби ректори донишгоҳ натиҷагирӣ шуда, доир ба дастовардҳои назаррас изҳори миннатдорӣ карда шуд. Ҳамзамон оид ба мушкилиҳо ва камбудиҳои сохторҳои мазкур, ҷиҳати боз ҳам хубтар намудани натиҷаҳои фаъолияташон дастуру супоришҳои амалӣ дода шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои гуногун як қатор қарорҳои Шӯрои олимони ДДТХ дар бораи Низомномаҳо ва дигар тадбирҳои Раёсати донишгоҳ қабул гардиданд.

 Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

01.06.2019