Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

       Рӯзи 15-уми майи соли 2019 дарси кушоди омӯзгори кафедраи фанҳои муолиҷавӣ Омонов Э.А. аз фанни курси малакаҳои клиникӣ дар гурӯҳи 206 факултети педиатрӣ баргузор гардид. Дар дарси кушод муовинони ректор оид ба таълим, оид ба илм, тарбия ва фарҳанг, намояндагони деканати факултетҳо, мудирони кафедраҳои фанҳои муолиҷавӣ, ҷомеашиносӣ, фармакология ва микробиология, дотсенти кафедраи забонҳо, омӯзгорони кафедраҳои химия ва биологияи тиббӣ, сармутахассис оид ба назорати сифати таълим ширкат намуданд. Қайд кардан зарур аст, ки тамоми устодону донишҷӯёни дар дарси кушод ширкат намуда, бори дигар эҳсос намуданд, ки тиб илми амалӣ аст. Ҳангоми пурсиши мавзӯи гузашта донишҷӯён дастамалҳои гуногуни тиббиро бо як шавқу маҳорати хоса иҷро ва шарҳ медоданд.
   Дар охир муовини ректор оид ба илм ва нашрия дотсент Саидов И.З. дарсро ҷамъбаст намуда, ҳамзамон қайд намуданд, ки илми тиби муосир беш аз пеш рушду нумуъ ёфта истодааст. Ва вазифаи шумо – толибилмон аз он иборат аст, ки маҳорату малакаҳои амалии иҷрои ин ё он дастамали тиббӣ, назорати қатъии онро ёд гиред, донишҳои аз дигар фанҳо, масалан, анатомия, гистология, физиология, физикаи тиббӣ, биологияи тиббӣ омӯхтаашонро дар амал татбиқ намоед.

                                     Шуъбаи  таълим