Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     Санаи 9-уми майи соли равон устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар чорабинии тантанавӣ, ки бахшида ба “Рӯзи Ғалаба” дар маркази ноҳияи Данғара баргузор гардид, иштирок намуданд ва назди ҳайкали яке аз Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ - Исмат Шарипов гулчанбар гузошта, хотираи ӯро шод намуданд.
   Исмат Шарипов соли 1915 дар ноҳияи Данғара дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Моҳи феврали соли 1944 ба фронт рафта, дар майдони набард корнамоиҳои бузург нишон додааст. Ӯ 9-марти соли 1944 зери оташи душман хазида, дастгоҳи пулемёте, ки барои гузаштани взвод халал мерасонд, тарконида, аз байн бурдааст. Автомашинаҳои лавозимоти ҷангӣ доштаи душманро тарконида, даҳҳо нафар фашистонро нобуд кардааст. Исмат Шарипов 4-марти соли 1945 қаҳрамонона ҳалок гаштааст.
     Шараф ба онҳое, ки ба хотири Ватан ва осоиштагии мо ҷони худро дареғ надоштаанд!

Муовинати тарбия ва фарҳанги ДДТХ