Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

   Чи хеле ки қаблан иттилоъ дода будем, рӯзҳои 3-4 майи соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Фиристода бояд ки доно бувад…» баргузор гардида буд. Аз донишгоҳи мо   10 нафар донишҷӯён аз фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ, фалсафа, таърихи халқи тоҷик, физика, технологияи иттилоотӣ, математика, химия, биология ва ба мақсади намояндагӣ ва ширкат варзидан 10 нафар омӯзгорони донишгоҳ бо роҳбарии муовини ректор оид ба таълим Аҳмадов Ш.Р. сафарбар карда шуда буданд.

   Рӯзи  08 –уми майи соли равон ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон иштирокчиёни олимпиадаи мазкур ва роҳбарони онҳоро дар толори маҷлисгоҳи Шӯрои илмӣ ба ҳузур пазируфт. Профессор Убайдулло Қурбон  сараввал аз номи раёсати донишгоҳ ғолибони ин сабқати бонуфузро табрику муборакбод намуда, ҳамзамон қайд намуданд, ки дар байни 40 муассисаи таълимии иштирокчиёни олимпиада, ҷойҳои намоёнро ишғол намудани донишҷӯёни ДДТХ, ки ҳамагӣ се сол боз арзи вуҷуд дорад, албатта комёбии назаррас мебошад. Дар маҷмӯъ, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар байни дигар таълимгоҳҳои олии вилоят аз рӯи натиҷаи олимпиада пешсаф мебошад. Вале, ин ҳанӯз ҳам моро қаноатманд карда наметавонад, чунки чунин сабқатҳо одатан нишондиҳандаи обрӯю эътибор ва нуфузи донишгоҳ ба шумор мераванд ва боварӣ дорем, ки солҳои баъдин низ дар чунин сабқатҳо ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар соҳиб хоҳем гашт.

 Одинаев С.П. – саромӯзгори кафедраи забонҳо