Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

   Бо ташаббуси ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон дар донишгоҳи мазкур «Клуби сайёҳӣ» таъсис дода шудааст, ки дар доираи нақша-чорабиниҳои он донишҷӯён дар фурсатҳои муносиб ва рӯзҳои истироҳатӣ ба гӯшаю канорҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба сайёҳат баромада, ба табиати нотакрору гуногуни Ватани азизамон шинос мешаванд. Аз ҷумла рӯзи 14-уми апрели соли равон як гурӯҳ донишҷӯёни сайёҳ аз донишгоҳи номбурда ба мавзеи Чоряккорони ноҳияи Балҷувон омада, аз тамошои табиати зебову нотакрори ин диёр баҳравар шуданд. Сайёҳони ҷавон таҳти роҳбарии омӯзгорони ин муассисаи олии таълимӣ – Камолзода Сайфиддин, Камолов Амиралӣ, Камолова Зулайхо ва коменданти Донишгоҳ - Ганҷалзода Маҳмаднозим аз мавзеъҳои Чоряккорон, Қалъаи Шоҳ, Хами бед, Гирбас ва Даштимайдон дидан намуда, таассуроти неку наҷиб бардоштанд. Дар ин сафари сайёҳӣ 54 нафар донишҷӯён аз факултаи педиатрии  ДДТХ ба мавзеъҳои номбурда ташриф оварда буданд, ки ҳар яки онҳо таассуроти хосае аз ин сафар бардоштанд.                                                                  

     Бо боварӣ метавон гуфт, ки сайру сайёҳат дар раванди таълим яке аз амалҳои беҳтарин буда, дар замиру шуури донишҷӯён ҳиссу ангезаи илмомӯзиро бедору устувор менамояд.