Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     Дар ҳамаи корҳои ба сомон расонидаашон, омӯзгорону роҳбарон кӯшиш менамоянд, ки сатҳу сифати таҳсилотро баланд намоянд.
     Чӣ дар нақшаҳои кории омӯзгорон ва чӣ дар нақшаҳои тарбиявӣ роҳҳо ва воситаҳои баланд бардоштани сифати дарс ба низом дароварда мешавад. Ҳанӯз дар вохӯри бо омӯзгорони ҷавон моҳи сентябри соли 2018, ректори ДДТХ доктори илмҳои тибб, профессор У.Қурбон омӯзгорони ҷавонро таъкид карда, вазифадор намуда буданд, ки тамоми қувваю маҳорати худро барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва донишашон равона намоянд. Омӯзгорон барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва донишашон кӯшиш ба харҷ дода тадбирҳои мушаххас меандешанд.
    Яке аз роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот — ин гузаронидани дарсҳои кушод мебошад. Аз ин лиҳоз мутобиқи нақшаи пешбинишуда, санаи 02.05.2019 дарси кушоди омӯзгор Қурбонзода Д.А. аз фанни фармакология, дар мавзӯи “Витаминҳо ва ферментҳо” баргузор гардид. Гуфтан ҷоиз аст, ки новобаста ба ҷавонии худ омӯзгор Қурбонзода Д.А. дарсро бо дилчаспии ба худ хос, нутқи бурро ва дониши муккамал пеш бурд. Ҳамаи донишҷӯён дар дарс фаъол буданд, аксарияти онҳо тарзи дуруст навиштани дорухатро азхуд намуда буданд. Дарс чунон бо дилгармӣ ва шавқовар пеш мерафт, ки аз вақти танаффус бехабар монданд. Омӯзгор аз тахтаи электронӣ, презентатсия ва тахтаи синф моҳирона истифода мебурд.
     Дар анҷоми дарс устод Одинаев С.П. суханронӣ карда ба омӯзгори ҷавону умедбахш муваффақиятҳо таманно карданд.

Кафедраи фармакология ва микробиология