Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

   Рӯзҳои 3-4 майи соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Фиристода бояд ки доно бувад…» баргузор гардид. Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 10 нафар донишҷӯён аз фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ, фалсафа, таърихи халқи тоҷик, физика, технологияи иттилоотӣ, математика, химия, биология зери роҳбарии 10 нафар омӯзгорони донишгоҳ сафарбар карда шуданд.
    Рӯзи аввал, яъне 3-юми май, баъди бақайдгирии иштирокчиён, дар яке аз толорҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи ифтитиҳии олимпиада гузаронида шуд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ширкаткунандагони ин сабқатро табрику муборакбод намуда, ҳамзамон қайд намуданд, ки яке аз сиёсатҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия намудани насли навраси босаводу донишманд ва соҳибмаърифат мебошад. Дар ҷаласа ҳамчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.
     Баъдан, иштирокчиёни Олимпиада ба бахшҳои фаннӣ сафарбар карда шуданд. Қайд кардан зарур аст, ки сабқат аз фанҳои гуногун сараввал дар шакли саволномаҳои тестӣ баргузор карда шуд. Ба даври дуюм фақат иштирокчиёне, ки сазовори зиёда аз 80 хол гардидаанд, роҳ дода шуданд.
    Натиҷаҳои пешакии Олимпиада, пай дар пай, вобаста ба фанҳо ҷамъбаст ва дар гӯшаи махсус овезон карда мешуданд, то ин ки ҳар як иштирокчиён ва роҳбаронашон аз он огоҳӣ пайдо намоянд.
   Рӯзи дигар, яъне 4-уми май қабул ва баррасии аризаҳои аппелиятсионии иштирокчиён, баъдан дар толори фарҳангии Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон натиҷагирӣ аз баргузории Олимпиада, муаррифии ҷойҳои ифтихорӣ ва тақдими туҳфаҳои хотиравӣ бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саид Нуриддин Саид, муовинони вазир ва сардорони раёсатҳои дахлдори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Ин лаҳзаро ҳам иштирокчиён, ҳам роҳбарони донишҷӯён ва ҳам намояндагони макотиби олии ҷумҳурӣ бо ҳаяҷони зиёд интизор буданд. Хушбахтона, аз донишгоҳи мо панҷ нафар сазовори ҷой ва ифтихорномаҳо гардиданд: Қаюмов Сино –донишҷӯи соли дуюми факултети тиббӣ сазовори ҷойи сеюм аз фанни химия, Ҷобири Қурбоналӣ - донишҷӯи соли сеюми факултети тиббӣ сазовори ҷойи сеюм аз фанни физика, Абдуллоев Баҳруллохоҷа - донишҷӯи соли дуюми факултети педиатрӣ сазовори Ифтихорномаи ВМИ ҶТ аз фанни забони русӣ (ҷойи чорум), Юлдошев Авазбек - донишҷӯи соли дуюми факултети тиббӣ сазовори Ифтихорномаи ВМИ ҶТ аз фанни технологияи иттилоотӣ (ҷойи чорум), Шохрухи Бахтиёр - донишҷӯи соли якуми факултети педиатрӣ сазовори Ифтихорномаи ВМИ ҶТ аз фанни математика(ҷойи панҷум).
   Аз номи раёсати донишгоҳ ғолибони ин сабқати бонуфузи ҷумҳуриявиро табрику муборакбод намуда, дар пайроҳаи душворгузари илму дониш ба онҳо комёбиҳо таманно менамоем. Ғолибият муборак бошад, шогирдони азиз!

Муовинати таълим