Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон
Бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 30 июли соли 2007 № 14/2 тасдиқ шудааст.
 

 Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ

 Муқаддима


 

 Зарурати омода намудани либосҳои тавсиявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар банди 4 «Қоидаҳои донишҷӯӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2006 № 32/3) таъкид гардидааст.

Либоси донишҷӯӣ дорои хусусияти хос буда, дар инкишофу такомули тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори миллии донишҷӯён нақши бузург мебозад. Либосҳои намунавии донишҷӯӣ дар замири донишҷӯён ҳисси зебопарастӣ, озодагӣ ва хулқу атвори ҳамидаро ҷой намуда, онҳоро водор месозад, ки хушбин ва боинтизом бошанд.

 

Либосҳои тавсиявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ

  Дастурамали мазкур тарҳи намунавии либосҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбиро оид ба ҳар як фасли сол барои духтарон ва писарон муайян менамояд. Либосҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бояд аз матоъҳои пахтагию абрешимӣ ё худ пашмӣ, ки барои саломатии инсон безарар аст, дӯхта шаванд. Аз истифодаи матоъҳои синтетикӣ, ки ба саломатии инсон зараровар мебошанд, худдорӣ карда мешавад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо қарори Шӯрои олимон (Шӯрои педагогӣ) талаботи пӯшидани либосҳои донишҷӯён таъмин карда мешавад.

Ба духтарон бо рӯймоли миллӣ ва ба писарон бо тоқӣ дар дарс нишастан иҷозат дода мешавад. Ҳамаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ҳангоми ба дарс омадан бо худ ҷузвдон мегиранд.

Ҳангоми сард будани синфхонаҳо ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо либосҳои гарми зимистона (болопӯш, палто, ҷемпер ва куртка) дар дарс нишастан иҷозат дода мешавад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ барои донишҷӯён истифода бурдани дафтару ашёҳои хонише, ки дар онҳо расму суратҳои нимурён, аксҳои гуногун аз филмҳои хориҷии талқинкунандаи равонияти зӯроварӣ ва барангезанда тасвир шудаанд, манъ мебошад.

 

 I. Намунаи либосҳои духтарон

 1.Либосҳои тирамоҳӣ барои духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ:

 Дар аввали фасли тирамоҳ

 Домани сиёҳ, кабуд ва қаҳваранги то зону ва аз зону поёни мувофиқ ба стандарти офис; куртаи сафед, кабуди осмонӣ, гулобӣ; шиму костюми сиёҳ, кабуд ва қаҳваранг бо куртаи сафеди остиндор (галстук ихтиёрист); куртаҳои миллӣ ба истиснои куртаҳое, ки аз матоъҳои ҷилодор ва симдор дӯхта шудаанд, бо поҷома, куртаҳои якранг бе поҷома ва бо поҷома; рӯймоли миллӣ мувофиқи дӯхти курта (ихтиёрист); пойафзоли ҳамранги сарулибос.

 Дар нимаи дуввуми фасли тирамоҳ

Домани сиёҳ, кабуд ва ё қаҳваранги то зону ва аз зону поён мувофиқи стандарти офис; куртаи сафед ва кабуди остиндароз; шиму костюми сиёҳу кабуд ва қаҳваранг бо куртаи сафеду кабуди осмонӣ, гулобӣ (галстук ихтиёрист); шим бо куртаи остиндори сафед, кабуд, сурх ва қаҳваранг; болопӯш, куртка ва плашҳои шинам; куртаҳои миллӣ ба истиснои куртаҳое, ки аз матоъҳои ҷилодору симдор дӯхта шудаанд, бе поҷома ва бо поҷома; рӯймоли миллии ба мавсим мувофиқ; пойафзоли мувофиқи сарулибос.

Рӯзҳои шанбе пӯшидани шиму костюми ҷинси ранги кабуд, осмонӣ, сиёҳ, куртаҳои остинкӯтоҳу остиндароз, кроссовка иҷозат дода мешавад. Бо ин либосҳо бастани галстук тавсия намешавад.

 Либосҳои зимистона барои духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ:

 Болопӯши пашмин, чармӣ, пахтагӣ, куртка, палтои пашмӣ, чармӣ; домани пашмӣ, пахтагӣ ва чармии сиёҳ, қаҳваранг, куртаи сафед (агар синфхона гарм бошад) водолазкаи сафед, сурх ва гулобӣ; шиму костюми пашмӣ ва пахтагӣ, брижаҳои духтаронаи зимистона, либосҳои миллии якранги зимистона бо поҷома ва бе поҷома, рӯймоли миллии мавсимӣ (пашмӣ ва пахтагӣ); пойафзолҳои зимистонаи сиёҳ ё қаҳваранг; дастпӯши чармӣ ва пашмӣ.

Рӯзҳои шанбе пӯшидани шиму костюми ҷинс, вилвет, свитер, курткаҳои чармӣ, кроссовка иҷозат дода мешавад. Бо ин либосҳо бастани галстук тавсия намешавад.

 Либосҳои баҳории духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ

 Дар аввали фасли баҳор

Домани сиёҳ, кабуд ва қаҳваранги то зону ва аз зону поён мувофиқи стандарти офис, куртаи сафеди остиндор ва кабуди осмонӣ, пиджак шиму костюми сиёҳ, кабуд ва қаҳваранг (галстук ихтиёрист), куртаҳои якранги миллӣ, поҷома ва ё бе поҷома, рӯймолҳои миллӣ, куртаи атлас (адрас) бо поҷомааш.

 Дар нимаи дуввуми фасли баҳор

Домани то зону ва аз зону поён бо стандарти офисӣ бо куртаҳои сафед ва кабуди остинкӯтоҳ (галстук ихтиёрист), шим бо куртаи сафед, кабуд, куртаҳои шинами миллӣ бо поҷома ва бе поҷома, рӯймолҳои миллии баҳорӣ ва тобистона.

Рӯзҳои шанбе пӯшидани шиму домани ҷинс, велвет, куртаҳои остинкӯтоҳ, свитерҳои остинкӯтоҳ, кроссовка иҷозат дода мешавад. Бо ин либосҳо бастани галстук тавсия намешавад.

Барои духтарон ҳангоми ба дарс омадан пӯшидани чунин либосҳо манъ аст:

  • либосҳои варзишӣ (ба ғайр аз дарси тарбияи ҷисмонӣ ва рӯзҳои ҳашар);
  • либосҳое, ки таблиғоти ғайр дошта, дорои ҳар гуна навиштаҷот мебошанд ва парчаму рамзҳои дигар кишварҳоро таблиғ мекунанд;
  • истифодаи ду - се гӯшвор дар гӯш, дастпонаҳои зиёд, занҷиру гарданбандҳои зиёд ва се – чор ангуштарин дар даст (ба истиснои ангуштарини арӯсӣ).

 II. Намунаи либосҳои писарон

 Либосҳои тирамоҳӣ барои писарон дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ:

 Дар аввали фасли тирамоҳ

 Шиму костюми сиёҳ, қаҳваранг, хокистарранг ва кабуд, камзӯлча (жикет), сегона (тройка); куртаи сафед, кабуди осмонӣ, галстук мутобиқ ба курта - сиёҳ, қаҳваранг, кабуд; шими сиёҳу қаҳваранг бо куртаи сафед ё кабуди осмонӣ (тоқӣ ихтиёрӣ); пойафзоли мувофиқ ба сарулибос.              

 Дар нимаи дуввуми фасли тирамоҳ

Шиму костюми сиёҳ, қаҳваранг, камзӯлча (жикет), сегона (тройка); куртаи сафед, кабуди осмонӣ, галстук мутобиқ ба курта; ҷемперҳои беостин; пойафзоли мувофиқ ба сарулибос (тоқӣ ихтиёрӣ).

Рӯзҳои шанбе пӯшидани шиму костюми ҷинс, вилвет, кроссовка, водолазка, куртаҳои остинкӯтоҳ ва остиндарози бо либосҳои ҷинс мувофиқ, болопӯш, куртаҳои пахтагиву чармӣ иҷозат дода мешавад. Бо чунин навъи либос бастани галстук тавсия намешавад.

 Либосҳои зимистона барои писарон дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ:

Болопӯши пашмӣ, чармӣ, палтои пашмӣ ва чармӣ, курткаҳои пашмӣ ва чармӣ; шиму костюм, куртаҳои сафед, кабуд; галстук мутобиқ ба курта; дастпӯшак; кулоҳҳои пашмӣ, чармӣ, кепкаҳо; пойафзоли зимистона.

Рӯзҳои шанбе пӯшидани шиму костюми ҷинс, велвет бо водолазка, ҷемперҳои пашмӣ, пахтагӣ, курткаҳои пашмиву чармӣ ва кроссовка иҷозат дода мешавад. Бо ин либосҳо бастани галстук тавсия намешавад.

 Либосҳои писарон дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар фасли баҳор:

 Нимаи аввали фасли баҳор

Шиму костюми сиёҳ, кабуд ва қаҳваранги сегона (тройка) бо ҳамин навъи рангҳо; куртаи сафед, кабуди осмонӣ; галстук мутобиқ ба курта, пойафзоли мувофиқи сару либос; болопӯши баҳорӣ (пашмӣ, пахтагӣ ва чармӣ); шими сиёҳ ва қаҳваранг, куртаи сафед ё кабуди осмонӣ, галстук мувофиқ ба сарулибос, ҷемперҳои нимостин ва беостин; пойафзоли мувофиқ ба сарулибос.

 Нимаи дуввуми фасли баҳор

 Шими сиёҳ, кабуд, хокистарранг ё қаҳваранг; куртаи сафеди остинкӯтоҳ бо галстуки мутобиқ бо сарулибос, пойафзоли мувофиқ ба сарулибос; шиму костюми сиёҳ, қаҳваранг, кабуди осмонӣ.

Рӯзҳои шанбе пӯшидани шиму костюми ҷинс, велвет, свитерҳои бо либоси ҷинс мувофиқ, кроссовка, шиму костюми сафарӣ иҷозат дода мешавад. Бо чунин либосҳо бастани галстук тавсия намешавад.

 Барои писарон ҳангоми ба дарс омадан пӯшидани чунин либосҳо ва амалҳо манъ аст:

  • либосҳои варзишӣ (ба истиснои дарси тарбияи ҷисмонӣ ва рӯзҳои ҳашар);
  • мӯйҳои аз ҳад зиёд дароз (ба истиснои ихтисосҳои эҷодии соҳаи фарҳанг);
  • бо риши расида ва баланд (ба истиснои ихтисосҳои эҷодии соҳаи фарҳанг);
  • либосҳое, ки таблиғоти ғайр дошта, дорои ҳар гуна навиштаҷот мебошанд ва парчаму рамзҳо ва дигар тасвирҳои ғайрро таҷассум менамоянд;
  • занҷири гардан, истифодаи ангуштарин (ғайр аз ангуш­тарини домодӣ);

 III. Талаботи ҳатмӣ

 Рӯзҳои ҷашнҳои давлатӣ (умумиҷумҳуриявӣ), ҷашнҳои муассисаҳои таълимӣ, конфронсу симпозиумҳо пӯшидани либоси протоколӣ ҳам барои духтарон ва ҳам барои писарон ҳатмӣ мебошад. Ба либоси протоколии писарон шиму костюми сиёҳ, қаҳваранг, кабуд ва хокистарранг, куртаи сафед, галстук мутобиқи курта ва пойафзоли мувофиқ ба сарулибос дохил мешавад.

Ба либоси протоколии духтарон домани сиёҳ, қаҳваранги то зону ва ё аз зону поёни мувофиқ ба талаботи офис, куртаи остиндор ё нимостини сафед, галстук, костюм, шиму костюм, пойафзоли мувофиқ ба сарулибос дохил мешавад. Духтарон метавонанд либоси миллии якранг, поҷомаи бо курта шинам, рӯймоли миллии бо либосҳо мувофиқ дар бар намоянд. Пойафзоли мувофиқ ба сарулибос.

Рӯзҳои идҳои миллӣ (бахусус, Наврӯз, Сада, Меҳргон…) духтарон метавонанд куртаи атлас ё адрас бе поҷома ва ё бо поҷома пӯшанд (бастани рӯймол ихтиёрист). Дигар намуди либосҳои миллӣ низ ба духтарон иҷозат дода мешавад.

Дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ пӯшидани либоси варзишӣ ҳам барои писарон ва ҳам барои духтарон ҳатмӣ мебошад.

Дар дарсҳои лабораторӣ, машғулиятҳои амалӣ барои духтарон ва писарон пӯшидани хилъати ба талаботи дарс мувофиқ ҳатмӣ мебошад.

Барои донишҷӯёни (хонандагони) ихтисосҳои тиббӣ ва байторӣ (зооветеринарӣ) пӯшидани хилъати сафед ва кулоҳ ҳатмӣ мебошад.