Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

Яке аз оқибатҳои фоҷиабори нооромиҳои солҳои 90-ум  ин бо суръати тез рӯ ба таназзул ниҳодани илму фарҳанг ва аз пойтахти мамлакат ба гӯшаҳои нисбатан ороми кишвар ва берун аз он кӯч бастани олимону фарҳангиён буд. Аз ин хотир баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ  истиқлолияти тоҷикон аз нав таҳким ёфта, барои давлати ҷавону тозабунёди мо марҳилаи нави созандагиву бунёдкорӣ фаро расид. Насими азнавбарқароркунӣ ва эҳёи кору фаъолият ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат хоса, ба илму фарҳанги тоҷик  нерӯву тавони дубора бахшид.

Бояд гуфт, ки парокандагиҳое, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ саросари мамлакати ҷавони моро фаро гирифта буданд, ба вазъи кору таҳсил дар  муассисаи таҳсилоти олии кишвар низ бетаъсир намонданд. Бисёр мутахассисони варзидаи соҳаи маорифу тандурустӣ, ки солҳои зиёди ҳаёташонро ба рушди илму маориф ва тарбияи мутахассисони ҷавон бахшида буданд, аз сабаби нооромиҳо пойтахтро тарк намуда, ба гӯшаю канорҳои нисбатан ором ва давлатҳои хориҷ кӯч бастанд. Базаи моддию техникии ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар ниҳоят хароб гашт. Аз ҳама бадтараш он буд, ки як навъ ваҳму ҳароси ботинӣ мардуми ҷумҳуриро фаро гирифта, ин нобоварӣ ба ҷавонони ҳӯшманди минтақаҳои гуногуни кишвар имкон намедод, ки ба пойтахт омада, сафи донишҷӯёнро пурра намоянд.

Маҳз дар ҳамин вазъияти парешонию рӯҳафтодагӣ хабари ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ чун ҷони наве буд, ки бар тани афгори миллати на як бору ду бор ҷабри таърихро кашида бо кайфияту рӯҳбаландиҳои тоза дамид.

 Бо фаро расидани сулҳу ваҳдат оҳиста-оҳиста ҷои ваҳшату торикиҳоро дар пойтахти мамлакат ҳаёти орому муқаррарӣ гирифт. Дар донишгоҳҳо  низ барои аз нав барқарор намудани набзи пешинаи кору таълим фаъолияти густурдае оѓоз ёфт. Аксари кормандони илмӣ, ки чанд сол боз таѓйири ҷои кор намуда буданд, аз нав ба таълимгоҳхои олӣ баргаштанд. Ҳукумати мамлакат барои ҷоннок намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар як қатор чорабиниҳои муҳимро роҳандозӣ намуда, барои аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намудани таълимгоҳҳо кӯшишҳои зиёде ба харҷ дод. Сафи ҷавонони илмомӯз рӯз аз рӯз афзудан гирифт. Дар асоси созишномаҳои Ҳукумати мамлакат роҳбарияти донишгоҳҳо  барои баланд бардоштани сатҳи таълими касбӣ бо як қатор муассисаҳои олии хориҷи кишвар ҳамкориҳои самарабахшро ба роҳ монд. Аз ҳама муҳимаш ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар аз нав ба ҳам омада, ба якдигар дасти дӯстию оѓӯши бародарӣ кушоданд.

 Бале, ин ҳамаро метавон файзу баракат ва меваҳои шаҳдбори Ваҳдати миллӣ ҳисобид, ки он 27 июни соли 1997 тавассути талошу пофишориҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада буд.

 Аз он рӯзи фирӯзи паёми хуши сулҳу ваҳдат дар саҳифаҳои таърих 19 сол сипарӣ мегардад. Воқеан, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои рӯ ба тарақӣ ба ҳисоб рафта, дар байни дигар кишварҳо ҳамчун давлати мустақил дорои ҳукумати ҷадид, ҳудуд, забон ва дигар муқаддасоти миллию  умумибашарӣ мебошад

 Умуман, ваҳдату ягонагӣ чун омили муҳими бақои давлату давлатдорӣ, рушди бемайлони иқтисоди миллӣ ва таҳкими пояҳои фарҳанги ҳазорсолаи аҷдодӣ бояд мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ гашта, ҳамчун сарчашмаи ободиву шукуфоӣ ва рӯзгори осудаву босаодати мо азизу гиромӣ дошта шавад ва набояд фаромӯш созем, ки рушду инкишофи минбаъдаи ҷомеаи навини тоҷикон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт танҳо ба туфайли иттифоқу сарҷамъии қавму миллатҳои гуногуни он, ҳамбастагии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва дар ниҳояти кор иттиҳоди халалнопазири қишрҳои гуногуни ҷомеа ба даст меояд.

 

Шуъбаи таҳлил назорат ва робита бо ҷомеа