Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    Аз соли 2008 сар карда, дар тамоми ҷаҳон бо ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар фасли баҳор рӯзи ҷаҳонии хоб ҷашн гирифта мешавад. Соли якум онро саннаи 14-уми март ҷашн гирифтанд, баъдан ҳамасола рӯзи ҷумъаи нимаи дуюми моҳи март ҷашн гирифта мешавад.

  Дар донишгоҳи мо саннаи 15-уми марти соли ҷорӣ баҳри таҷлили ин ҷашн аз ҷониби волонтёри китобхона Фурохов Иброҳим маърӯза омода гардида, дар лексияҳо ба донишҷӯёни курсҳои якум пешкаш карда шуд.

   Ӯ оид ба хоб, давомнокии хоб, хоби калонсолон, хоби кӯдакон, бароҳатии хоб, тарзҳои хӯрдани таом пеш аз хоб ва ғайра маълумоти муфассал пешкаш намуда, қайд кард, ки хоб барои барқарор намудани қувваи ҳаррӯза ба одамон зарур мебошад. Дарозии хоб барои калонсолон бояд 7-8 соат ва барои наврасон 9-10 соатро ташкил диҳад. Норасоии дуру дарози хоб ба вайроншавии ҳолати рӯҳӣ оварда мерасонад. Ҳарорати муносиб ва ҳаловатбахш њангоми хоб 18-20 градусро ташкил медиҳад.  Инчунин, бо расму роликҳо оид ба тарзҳои хоб, донишҷӯёнро онҳоро шинос намуда, муфиднокии онро дар ҳама ҳолат арзёбӣ намуд. Аз ин иқдом донишҷӯёни курси 1-ум хеле розӣ буданд.

Китобдори асосӣ

Набиева А.А.