Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     

     Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз санаи 11-уми  март бо саъю кӯшиши раёсати Донишгоҳ  барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии табибон, курси такмили ихтисос оғоз гардид. Дар курс табибони беморхонаҳои ноҳияи Данғара ва ҷумҳуриявӣ, инчунин, омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  фаъолона ширкат варзиданд. Машғулиятҳои курси такмили ихтисосро муовини ректор оид ба таълим  Ахмедов Ш.Р., ва муовини ректор  оид ба илм ва нашрия Саидов И.З., ҳусни оғоз бахшиданд.           

    Маърузаи нахустин аз тарафи мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои фалсафа Гулов А.А., ироа  гардид. Номбурда дар мавзӯи «Ахлоқ ва деонтологияи тиббӣ» баромад намуда, диққати асосии иштироккунандагонро ба ахлоқи касбӣ равона намуданд. Устод Гулов А.А., қайд карданд, ки «Тарбияи инсон дар ҷомеаи муосир, аз ҷумла, тарбияи ахлоқии шахсият дар маркази диққати тамоми фаъолиятҳост. Он диққати ҷиддие, ки ҷамъияти мо нисбат ба тарбияи ахлоқӣ зоҳир менамояд, аз моҳияти сохти ҷамъияти мо муайян мегардад. Яке аз вазифаҳои асосии он - ташаккул додани симои маънавии шахсияти ҳаматарафа инкишофёфтаи бунёдкор мебошад.

           

     Ахлоқ чун маҷмӯи принсипҳо, қоидаҳо ва меъёрҳо сифатест, ки одамон дар рафтори худ, муносибати байниҳамдигарӣ ва умумии ҷамъият дар фаъолияти меҳнатӣ ва ҳаёти ҳаррӯзаашон аз рӯйи он фаъолият менамоянд. Ахлоқ дар шароити таърихӣ ба вуҷуд омада, инкишоф ёфтааст.»

 Устод Гулов А.А., аз суханони Ибни Сино, Закариёи Розӣ ва дигар табибону файласуфони форсу тоҷик ва ҷаҳон дар бораи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мисолҳои фаровон овард. Масалан:

«Агар ҳар фард нафси худро ислоҳ кунад, давлату миллатро низ  идора  карда   метавонад».                    Ибни Сино.

Ман надидам дар ҷаҳони ҷустуҷӯ,

Хеҷ аҳлият беҳ аз хулқи накӯ.                                Чалолиддини Балхӣ

 «Ҳама чиз ва ҳама корро аз ахлоқ бояд оғоз кард, табиати касе, ки   ислоҳпазир нест, он кас  ҳаргиз  ҳақиқат ва моҳияти илмро сарфаҳм рафта наметавонад».                                        Муҳаммад Закариёи Розӣ

 «Касе, ки илми ахлоқро наомӯхтааст, омӯзиши дигар илмҳо (ҳатто илмӣ тиб) ба ӯ фақат зиён меовараду халос».         Мишель Монтен

 «Ахлоқ бояд ситораи қутбнамои ҳамаи илмҳо бошад».  Буффлер             «Се касб туҳфаи иллоҳист:  қозигӣ, муаллимӣ  ва табибӣ».        Гипократ

            «Агар пас аз суҳбати табиб бемор худро сабук ҳис накунад, пас ӯ табиб нест». Бехтерев В.М.

            Инчунин, устод Гулов А.А., оид ба деонтология маълумот дода, қайд намуд, ки онро ҳамчун истилоҳи ифодакунандаи назарияи ахлоқ , охири асри 18 роҳиб, файласуфи англис Иеремия  Бентам пешниҳод кардааст. Деонтологияи  тиббӣ  ҷамбасти қоидаю талабот оид ба иҷрои вазифа,  одобу рафтор ва масъулияти духтур нисбат ба ҳаёт ва саломатии бемор, муносибати ӯ бо ҳамкасбон ва аҳли ҷамъият мебошад. «Қасамномаи духтур»-и Гипократ ба рафтори поку шоистаи духтурон бахшида шуда,  то имрӯз моҳияти худро гум  накардааст. Деонтология масъалаҳои махфӣ доштани сири касбии духтурон, инчунин   конунҳоеро дар бар мегирад, ки  дар асоси онҳо  ҳангоми нодуруст табобат кардан  ё бар зарари саломатии беморон амал намудан, духтурон   ба   ҷавобгарӣ   кашида хоҳанд шуд.

            Дарси аввал дар курси такмили ихтисос барои табибон ниҳоят пурмуҳтаво гузашт ва иштироккунандагони курс аз он як ҷаҳон маънӣ бардошта, хеле қаноатманд буданд. Машғулиятҳо то санаи 16-уми марти соли равон, тибқи нақша идома хоҳанд ёфт.

                                                                              Кафедраи ҷомеашиносӣ