Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

   

   Рӯзи 11-уми марти соли 2019 дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии  Хатлон бо ибтикори кафедраи забонҳо дар мавзӯи «Китоб - дӯсти беҳтарини инсон» бо иштироки донишҷӯёни соли аввал чорабинии адабие баргузор гардид. Чорабиниро саромӯзгори кафедраи забонҳо Одинаев С.П. ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуданд, ки дар замони технологияи муосир ҳам нақши китоб ягон зарра коста нашудааст. Китоб инсонро дар шоҳпари хаёл ба ҷаҳони зебову пурмаъно ва пурнақшу нигоре ҳидоят менамояд, ки аз лаззату кайфияти қироати он ҳатто қалам низ баъзан оҷизӣ мекунад.

   Донишҷӯи соли дуюми факултети тибби Давлатова Нилуфар таассуроти худро аз қироати  асари безаволи Сотим Улуғзода «Субҳи ҷавонии мо» бисёр рангину хотирмон баён намуданд, ки тамоми ҳозирин саропо гӯшу ҳуш шуданд. Асар аз ҳаёти бачагӣ ва наврасии адиб ҳикоят мекунад, ки барои насли имрӯзаи ҷавонони тоҷик намунаи волои   ватандӯстию хештаншиносӣ шуда  метавонад.  Порчаҳои марғуби асар бо нақли рангини Нилуфар ба донишҷӯён таассуроти амиқе бахшид.

  Чорабиниро мудири кафедраи забонҳо н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х. ҷамъбаст намуда, ҳамзамон иброз доштанд, ки имрӯз тибқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ овардан ба фарҳанги китобхонӣ  яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Бесабаб нест, ки дар саросари кишвар ба мақсади боз ҳам бештар ҷалб намудани аҳли ҷомеа ба китобхонӣ озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» эълон карда шудааст. Боварӣ дорем, ки чорабинии имрӯза дар дили мо нисбат ба ин «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» тухми муҳаббат кошта, моро бештар ба қироати асарҳои бадеӣ ҳавасманд хоҳад кард.

Кафедраи  забонҳо

Китобхонаи ДДТХ