Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    Санаи 7-уми марти соли равон дар театри ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бахшида ба таҷлили “Рӯзи Модар” ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки занону духтарони фаъол аз тамоми шаҳру ноҳия даъват шуда буданд.

   Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон омӯзгори кафедраи Морфология ва физиологияи одам Камолова З.Н., омӯзгори кафедраи Микробиология ва фармакология Сафарова Д.Ҳ., омӯзгори кафедраи забонҳо Набиева А.А. ва омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ Мардонова Н.М. иштирок намуданд.

   Нахуст, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон суханронӣ намуда, аҳли нишастро бо “Рӯзи Модар” табрик намуданд. Сипас, аз ҷониби санъаткорони шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб барномаи театрикунонида намоиш дода шуд, ки табъи бонувонро болида гардонид. Ҳамаи бонувон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.  

Муовинати тарбия ва фарҳанги ДДТХ