Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

       

       Нахустин шумораи нашрияи расмии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон – маҷаллаи илмии тиббӣ бо номи «Симурғ» аз чоп баромад. Маҷалла бо табрикоту суханҳои ифтитоҳии ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни оғоз ёфта, қайд карда мешавад, ки  «Симурғ» номгузорӣ кардани он бесабаб нест. Маҷалла барои ба нашр расонидани натиҷаи пажӯҳишҳои кормандони ДДТХ ва дигар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Маводи маҷаллаи «Симурғ» аз рӯйи имконият ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  чоп мешавад. Дар ҳар як мақола хулосаи мухтасари муҳтавои он ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  ҷой дода шудааст.

      Дар шумораи аввали ин маҷаллаи навтавлиди дуюмин донишгоҳи тиббии Тоҷикистон 16 мақолаи олимони донишгоҳ ва олимони дигар муассисаҳои ҷумҳурӣ чоп шудаанд, ки ба масоили мубрами илми тибби муосир – оризаҳо пас аз трансплантатсияи гурдаҳо, баъзе аз ҷанбаҳои этиология, пешгирӣ ва муолиҷаи сироятҳои роҳҳои пешобгузар дар занони синну соли репродуктивӣ, омилҳои хатари инкишофи нуқсонҳои модарзодии дил ва ғайра бахшида шудаанд. Инчунин мақолаҳо оид ба фармудаҳои Абӯалӣ ибни Сино, Абубакри Розӣ , Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба тиб, давоҳо ва истифодаи онҳо дар «тибби Мансурӣ»-и Закариёи Розӣ, нақши мусулмонон дар тамаддуни Аврупо, забонҳои бадахшонӣ  нигоҳдорандаи  вожаҳои қадимаи забони адабии муосири тоҷик дар маҷалла ҷой дода шудаанд.

     

   Басо рамзист, ки санаи чопи маҷалла ба рӯзи Матбуоти Тоҷик рост омад. Боварӣ дорем, ки бо нашри маҷаллаи мазкур фаъолияти илмии олимони донишгоҳ ба маҷрои нав дохил шуда, дар рушду инкишофи  илми тибби тоҷик нақши боризи худро хоҳад гузошт

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа