Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    

   Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар самтҳои фаъолияти мамлакат соҳаҳои илму маориф мавриди диққати ҷиддӣ қарор гирифтанд. Ҷиҳати  баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон ба Вазорати маориф ва илми ҶТ дастур дода шуд, ки курсҳои такмили ихтисоси омӯзгоронро тақвият бахшад.

   Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат бо супориши ректор Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз аввалинҳо шуда, дар мувофиқа бо ДТИОМТОК-и назди ДМТ курси сайёри равияи педагогика ва психологияро баҳри такмили касбияти омӯзгорон ташкил ва баргузор намуд.

  Курси такмили ихтисоси омӯзгорон дар ДДТХ аз 21-уми январ то 2-юми феврал давом ёфта, 30 нафар омӯзгорони донишгоҳ тавонистанд дар ин муддат маҳорату малака, донишу истеъдоди омӯзгории худро сайқал диҳанд. Омӯзгорон дар давоми ду ҳафта аз методу усул ва донишу раҳнамоии устодони ботаҷриба, номзади илми педагогика, дотсент Наимов З., доктори илмҳои филологӣ, профессор Камолиддинов Б., номзади илми  сиёсатшиносӣ, дотсент Расулов С. баҳравар гарданд.

   

   Тарбия намудани қобилияти фикрронии мустақилона ва эҷодӣ, ки сифатҳои муҳими шахси баркамол маҳсуб меёбанд, аз вазифаҳои муҳимтарини омӯзгор дар раванди дарс ба шумор мераванд. Вобаста ба  самаранок ташкил намудани машғулиятҳо ва тарбияи ҳаматарафаи донишҷӯён номзади илмҳои педагогика, дотсент Наимов Зариф шунавандагони курсро бо усулҳои интерактивии таълим аз нуқтаи назари педагогикаи муосир шинос намуд. Номбурда ба ғайр аз усулҳои гуногуни таълим, диққати шунавандагонро ба тарзи ташаккули тафаккури интиқодии донишҷӯён равона намуд.

   Забони давлатӣ ва маҳорати суханварӣ аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар рафти машғулиятҳо аз ҷониби доктори илмҳои филологӣ, профессор Камолиддинов Баҳриддин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Номбурда бо овардани далелҳои мушаххас ва суханҳои пур аз панду ҳикмат барои шунавандагон аз ҳусни баён, тарзи гуфтор, усули қироати матнҳои гуногун, роҳ надодан ба ғалатҳои имлоӣ ва дигар паҳлуҳои забони давлатӣ ва маҳорати суханварӣ сӯҳбатҳои муфидро доир намуд..

   Инкишоф додани қобилияти дарккунӣ ва самаранок ташкил намудани машғулиятҳои семинарӣ бо донишҷӯён ба донистани психологияи донишҷӯён сахт алоқамандӣ дорад. Роҷеъ ба мавзӯи зикргардида номзади илми  сиёсатшиносӣ, дотсент Расулов Сайфиддин ба шунавандагони курс дарсҳои пурмуҳтаво гузаронид. Ҳамчунин тарзҳои гуногуни гузаронидани тестҳои психологиро низ барои омӯзгорон нишон дод.

  Санаи 2-юми феврал бо иштироки сардори шуъбаи кадрҳои ДТИОМТОК-и назди ДМТ  Исматулло Шерхон ва Раёсати ДДТХ иштирокчиёни курси такмили ихтисос дар вазъияти тантанавӣ бо диплом сарфароз гардонида шуданд.

      Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон минбаъд низ кушиш менамояд, ки чунин курсҳои омӯзиширо барои омӯзгорон ҷиҳати баланд бардоштани касбият ва такмили ихтисос ба роҳ монад.

Шуъбаи таълим.